Зимни ҳадяи китоби “Таджики” Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ин китоб нашри нодир аст ва он ҳамагӣ 25 нусха чоп шудааст ва ӯ “нусхаи рақами як”-ро ба Душанбе овардааст.
“Ҳамагӣ 25 нусха аст. Ин нусхаи рақами як мебошад. Ин асари воқеан илмӣ як хулосаи бунёдии маводро дар бораи таърих, антропология, демография ва этнографияи ҳаёти тоҷикон муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла тақсимоти тоҷикон бар асоси манобеи омори дастрас, аз барӯйхатгирии охирини Русия”,- таъкид кард раҳбари Русия.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин туҳфаро “беҳтарин” унвон кард ва ба ҳамтои русаш сипос гуфт.
Воқеан, “Тоҷикон”-е, ки Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ҳадя кардааст, чопи хеле зебои гаронарзиши зарҳалӣ дорад. Дар қоби зебои он Суруди миллии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикиву русӣ ҳаккокӣ шудааст.
Дигар дар бораи ин китоб маълумот нашр нашуд. Расонаҳои русӣ, аз ҷумла РИА “Новости” навиштанд, ки “Тоҷикон” рисолаи дастҷамъии силсилаи “Народы и культуры” аст, ки аз ҷониби Институти этнология ва антропология ба номи Н. Н. Миклухо-Маклай (ИАЭ РАН) аз соли 1992 ба ин ҷониб нашр мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи институти номбурда, дар ин силсила то имрӯз 28 китоб нашр шуда, дар он дар бораи 111 миллат маълумоти илмӣ оварда шудааст. Сислилаи мазкур таҳти назари академик Валерий Александрович Тишков нашр шуда, он ҷойгузини силсилаи машҳури “Мардумони ҷаҳон” аст, ки дар замони шуравӣ нашр мешуд.
“Тоҷикон” яке аз рисолаҳои бунёдӣ ва бузургҳаҷми ин силсила аст. Он аз 1005 саҳифа иборат буда, зери назари се муаррихи маъруфи русу тоҷик – бостоншинос, антрополог, доктори илми таърих, профессор Дубова Надежда Анатолевна, доктори илми таърих, профессор Насрулло Каримзода Убайдулло ва антрополог Зуҳро Мадамиджонова нашр шудааст. Маводи онро олимони русу тоҷик аз Институти этнология ва антропология ба номи Н. Н. Миклухо-Маклайи Академияи илмҳои Русия ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар ҳамкорӣ таҳия кардаанд.
Китоби мазкур маводи таърихӣ, этнографӣ, демографӣ ва антропологӣ оид ба халқи тоҷик аст. Дар он маълумоти боэътимод дар бораи пайдоиш ва ташаккули халқи тоҷик, ҷойгиршавӣ, усули зиндагӣ, касбу пеша, манзил, либос, ғизо, маросим, одат, ҷашнҳо ва эҷодиёти халқи тоҷик оварда шудааст. Муаллифон харитаи махсуси ҷойгиршавии тоҷиконро бо такя ба манбаъҳои оморӣ таҳия кардаанд. Дар китоб дар бораи тоҷикони Русия ва муносибати Русияву Тоҷикистон маводи фаровон оварда шудааст.
“Дӯстони тоҷик”
Туҳфаи дигари Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон мусаввараи “Дӯстони тоҷик” аст, ки ба қалами рассоми шуравӣ Макс Бирштейн таалуқ дорад.
Макс Авадиевич Бирштейн (15.01.1914 – 9.06. 2000) – рассоми шуравӣ, намояндаи барҷастаи импрессионизми шуравӣ, график ва муаллифи силсилаи портретҳои ҳамзамонони худ буд. Муҳассили факултаи наққошии Донишкадаи давлатии рассомии ба номи Суриков буд. Аз соли 1939 дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ иштирок мекард.
Солҳои 1941-1942, яъне пас аз оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бирштейн ба Осиёи Марказӣ омад. Ӯ шефтаи шаҳрҳои таърихӣ, мардуми меҳмоннавоз ва табиати назаррабо мешавад. Дар ин бора ӯ дар дафтари хотироташ қайдҳои зиёде гузоштааст, ки баъдан духтараш Анна Бирштейн пораҳои онро нашр кард. Бирштейн Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухорову Хуҷандро “афсонавӣ” дарёфта, дӯконҳои пур аз анвоъи меваву сабзавот, растаҳои биринҷу чормағз ва мавизҳоро дида, дар ҳайрат мондааст. Аз бӯйи кабобе, ки дуди он фазои бозорҳои шарқиро пахш мекард, ба ваҷд омадааст. Ӯ бо рассомони сармарқандӣ робита барқарор карда, ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад ва силсилаи асарҳоеро эҷод менамояд, ки имрӯзҳо дар бузургтарин осорхонаҳо ва коллексияҳои хусусӣ нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла: “Самарқанд”, “Марди тошкандӣ”, “Этюди шарқӣ”, “Шаҳрисабз”, “Дарахтзор”, “Меваҳои шарқ”, “Намои Хуҷанд”, “Дӯстони тоҷик” ва ғайра.
Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бирштейн ба сафарҳои эҷодӣ ба саросари Шуравӣ баромад, баъдан бо киштӣ Гибралтар, Сингапур, Африқо, пас аз он Лондон, Париж, Эрфурт, Испания ва дигар кишварҳоро сайр кард, вале як умр шефтаи Шимоли Русия, яъне Қафоз ва Шарқи Шуравӣ, яъне Осиёи Марказӣ боқӣ монд.
Бирштейн яке аз рассомонест, ки ҳанӯз дар замони Шуравӣ намоиши асарҳояш дар кишварҳои Аврупо баргузор мешуд. Асарҳои ӯ дар Галереяи давлатии Третяков, Осорхонаи давлатии адабӣ, Осорхонаи давлатии санъати халқҳои Шарқ, Осорхонаи муосири Маскав, Осорхонаи давлатии Русия (Санкт-Петербург), галереяи Саратов ва инчунин дар галереяҳо ва осорхонаҳои кишварҳои собиқи ИҶШС, инчунин дар коллексияҳои хусусии Англия, Олмон, Ҳолланд, Испания, Лаҳистон, Руминия, ИМА, Фаронса, Швейтсария, Япония ва дигар давлатҳо маҳфузанд.
Асари “Дӯстони тоҷик”, ки дар он суҳбати ду марди тоҷик дар сари дастурхон тасвир шудааст, бозгӯкунандаи рӯзгори миллати тоҷик аст. Он бо ранги равғанӣ дар рӯйи матоъ тасвир шуда, андозааш 90х78 аст. Тибқи иттилои сомонаи “Култпросвет” ин асар дар музоядаҳо беш аз 10 ҳазор доллар нархгузорӣ мешавад. “Вале пас аз туҳфа шудани он аз ҷониби Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон арзиши он беш аз 10 маротиба боло хоҳад рафт”,- менависад коршиноси ин сомона. Вале ин асар, ки ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби Президенти Русия ба Президенти Тоҷикистон ҳадя шуд, бебаҳо аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube