Дар остонаи 40-умин рӯзи даргузашти адиб ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Абдулқодири Раҳим маҷмӯаи “Гавҳаре ноёб рафт…” бо тамғаи “Адиб” дар нашриёти “Бебок” аз чоп баромад. Китоби мазкур аз ҷониби рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё гирдовариву нашр шудааст.
“Ин маҷмуа сӯгномаҳои ҳамкорону дӯстон ва ҳаводорони эҷодиёти Абдулқодири Раҳим, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷикро дар бар мегирад, ки баъд аз даргузашти нобаҳангоми ӯ навишта шудаанд. Дар ин маҷмуа ҳамчунин меҳрномаҳо ва тақризу китобиёт ба баъзе асарҳои зиндаёд Абдулқодири Раҳим гирдоварӣ шуда, ки дар солҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст” – мегӯяд дар муаррифии китоб Суҳроби Зиё.
Дар китоби мазкур нигоштаҳои адибону рӯзноманигорон Абдулҳамиди Самад, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Кароматулло Олимзода, Хайрандеш, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аламхон Кӯчарзода, Шамсиддини Солеҳ, Субҳони Аъзамзод, Шодӣ Раҷабзода, Камоли Қурбониён, Сайёфи Мизроб, Мирзо Кенҷа, Раҳмоналӣ Мирализода, Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Одил Нозир ва дигарон, ки пас аз марги Абдулқодири Раҳим таълиф шудаанд, гирдовариву нашр шудааст.
Ёдовар мешавем, ки адиб ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим 12 сентябри соли 2025 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ солҳо дар Телевизиони Тоҷикистон, рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи «Фарҳанг» ва то вопасин рӯзҳои умр дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор кардааст.
Китобҳояш бо номи «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати оина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006), «Пайванди марзҳо ва дилҳо» (2011), «Домони абр» (2014), «Ашки сари мижгон» (2014), «Назари лутф» (2014) чоп шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube