Рубрики Pressa

150 миллион сомонӣ алимент ба фоидаи модарону кӯдакон ситонида шуд


Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар нуҳ моҳи соли 2025 ба манфиати модарон ва кӯдакон беш аз 150 миллион сомонӣ алимент ситонида шудааст.

Тибқи иттилои хадамот, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, ки аз афзоиши чораҳои иҷроӣ ва беҳтар шудани назорати парвандаҳои алиментӣ шаҳодат медиҳад.

Дар айни ҳол, дар Хадамоти иҷро тақрибан 98,9 ҳазор қарор вобаста ба ситонидани алимент мавриди иҷро қарор доранд.

Қаблан сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар сурати пардохт накардани маблағи муқарраргардидаи алимент дар муҳлати ду моҳ, номи шахси қарздор ба феҳристи шахсони қарздор ворид карда мешавад. Дар натиҷа, нисбат ба онҳо маҳдудиятҳо барои убури сарҳади давлатӣ татбиқ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *