Рубрики Pressa

Ҷашнвораи «Ҷилои қолинҳо» дар Хоразм


Ин нахустин ҷашнвораи байналмилалии қолинҳо мебошад, ки бо ибтикори Иттиҳодияи “Ҳунарманд”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи сайёҳӣ ва ҳокимияти вилояти Хоразм дар маҷмааи навбунёди Арда Хива роҳандозӣ гардид ва рӯзҳои 18-19 октябри соли 2025 ба вуқӯъ пайваст.

Дар конфронси илмиву амалие, ки таҳти унвони “Анъанаҳои қолинбофии миллӣ ва тамоюлҳои рушди имрӯза”дар доираи ин ҷашнвора баргузор шуд, аҳли ҳунар ва коршиносони соҳа аз Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва амсоли он доир ба санъати қолинбофии мардуми худ, таърихи чандинасраи он маълумотҳои возеҳ ироа карданд.

Гуфта шуд, ки баргузории ин ҷашнвора барои ҳамкориҳои ояндаи байни қолинбофони минтақа, апз ҷумла ҳифзи суннатҳои қолинбофӣ ва нассоҷии миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тарҳрезӣ ва истеҳсолӣ, дастгирии кори ҳунармандон ва рушди қолинбофӣ дар ҳамоҳангӣ бо сайёҳӣ хеле нақши бузург хоҳад бозид.

Дар чаҳорчӯби ҷашнвора таҳти унвони “Таърихи дар қолинҳои аксёфта” намоишгоҳи қолинҳо сурат гирифт, ки ҳунармандон, тарроҳон ва соҳибкорон аз манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ва Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Озарбойҷон ва Афғонистон бо қолинҳои хушбофту пурҷилои худ ширкат карданд. Намунаҳои анъанавӣ, рангҳои табиӣ ва шоҳасарҳои дастии аҳли ҳунар ба тамошобинон имкон дод, ки мероси беназири фарҳангии халқҳои гуногунро эҳсос кунанд.

– Санъати қолинбофии Хоразм на танҳо оинаи тафаккур ва завқи мардуми мост, балки сабру таҳаммул, меҳнат ва ҷаҳонбинии бадеии онҳоро низ дар худ таҷассум менамояд, – гуфт қолинбофи маъруфи шаҳри Хива Мадраҳим Маткаримов. – Ин анъанаҳо, ки аз аҷдодон ба мо боқӣ мондаанд, бо нафаси тоза, тарҳи замонавӣ ва навовариҳо ғанӣ гардонида мешаванд, то ки таваҷҷӯҳи бештарро ҷалб намоянд.

Дар ин ҷашнвора ва намоишгоҳи қолинҳо аз вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Иттиҳодияи ҳунармандон Муҳаммадҷон Ёқубов як гурӯҳ қолинбофон ширкат доштанд.

-Мусалламмаст, ки аҳли ҳунари кишвари мизбони ҷашнвора чун тоҷикони мо мактаби қолинбофии худро доранд, ки боиси таваҷҷӯҳ мебошад. Қолинбофони мо аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич бо қолинҳои хушбофту рангоранги худ ширкат намуда, сазовори баҳои баланд гардиданд, – мегӯяд зимни суҳбат Муҳаммадҷон Ёқубов. – Дар ҳақиқат, қолинҳои ҳунармандони Хоразмӣ ва вилоятҳои Ӯзбекистон бо нақшҳои нозук ва ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллии қолинбофӣ фарқ мекунанд ва мо инро дарк намудем. Ба ибораи дигар, чунин ҷашнвораҳо барои табодули таҷриба ва омӯзиш низ хеле мусоидат менамоянд,-афзуд раиси Иттиҳодияи ҳунармандони вилояти Суғд.

Дар ҷашнвора кордсози тоҷик Ихтиёр Мирзоев низ намудҳои гуногуни кордҳои сохтаашро ба намоиш гузошт. Дар ҷараёни ҷашнвораи байналмилалӣ имзои як қатор қарордод ва Ёддошти тафоҳум оид ба тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои муштараки миёни корхонаҳои қолинбарорӣ ва соҳибкорон ба вуқӯъ пайваст. Ногуфта намонад, ки дар ин чорабинӣ санъати қолинбофӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи мероси миллӣ, анъанаҳо ва фарҳанги бадеӣ ба оммаи васеъ намоиш дода шуд.

Дар поёни ҷашнвора ғолибони он аз рӯи се номинатсия сазовори мукофотҳо ва сертификат шуданд. Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин қолинсоз» Примқул Сатторқулов (Тоҷикистон) сазовори ҷои дуюм гардид. Чорабиниҳои доманфарохро консертҳои дастаҳои ҳунарии вилояти Хоразми шукӯҳи тоза бахшиданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон,
шаҳри Хива, Ӯзбекистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *