Рубрики Pressa

Мулоқоти Файзалӣ Идизода  бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ хонум доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ мулоқот намуд.

Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бомаром рушд менамоянд.

Дар идома густариши ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон бо Арабистони Саудӣ таъкид карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷлиси намояндагон парламенти касбӣ мебошад ва дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи инсон, таҷрибаи зиёд дорад.

Дар фарҷом ба тавсеаи ҳамкории ду ниҳоди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори боварӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *