Тоҷикистон доду гирифти молу колоҳои тиҷоратӣ дар манотиқи назди сардҳадӣ бо Афғонистонро муваққатан қатъ кардааст.
Ба иттилои «Радиои Озодӣ», Тоҷикистон ба истиснои пули Панҷ ва ё худ гузаргоҳи Шерхонбандар «панҷ пул ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баста, фаъолияти панҷ бозори марзӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро қатъ кардааст.»
Тоҷикистон панҷ пул ва як гузаргоҳашро бо Афғонистон баъд аз он баст, ки 2-юми декабри соли ҷорӣ дар як задухӯрди мусаллаҳона дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Хайриддин Аҳтамов полковники марзбон кушта ва чаҳор сарбозу афсари дигар низ ҷароҳат бардоштанд.
Аз сӯи дигар, мақомоти расмӣ дар вилояти Бадахшон гуфтанд, ки талош доранд, ҳарчӣ тезтар Тоҷикистонро мутақоид кунанд, ки аз сӯи ин пулҳо ва гузаргоҳҳо ҳеч хатаре таҳдид намекунад. Зеро ниёзҳои иқтисодии ин минтақа тавассути ҳамин гузаргоҳу пулҳо ва дар умум бозорҳои назди сарҳадӣ бароварда мешаванд.