Рубрики Pressa

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба $8 миллиард расид


Дар нуҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 7,8 миллиард доллар баробар шудааст.
Ба иттилои Агентии омор, содироти кишвар 1,8 миллиард доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёд аст. Асоси содиротро маҳсулоти маъданӣ, фулузоти арзон ва қиматбаҳо, инчунин маҳсулоти растанӣ ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридот ба ҷумҳурӣ беш аз 6 миллиард доллар мебошад, ки нишон медиҳад тавозуни савдо ҳамоно ба нафъи воридот мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *