Ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав нақшаи ҷамъоварии пахтаи соли 2025-ро пурра иҷро намуданд.
Дирӯз, 28 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ин ноҳияҳо ташриф оварда, пахтакоронро барои заҳмати содиқона ва иҷрои нақшаи давлатӣ ҳавасманд гардонид.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, то имрӯз:
- пахтакорони ноҳияи Қубодиён беш аз 15 ҳазор тонна;
- кишоварзони ноҳияи Шаҳритус зиёда аз 11 ҳазору 222 тонна;
- хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Носири Хусрав 6 ҳазору 808 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар маҷмӯъ, нақшаи имсолаи пахта дар вилояти Хатлон 254 ҳазору 300 тонна муқаррар гардида, то 27 октябр он 96 дарсад иҷро шудааст. Аз миёни 19 шаҳру ноҳияи пахтакор, то имрӯз 14 ноҳия нақшаро пурра таъмин намудаанд.
Мақомоти вилояти Хатлон таъкид мекунанд, ки натиҷаҳои бадастомада самари заҳмати софдилонаи деҳқонон ва истифодаи самараноки заминҳои киштӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube