Рубрики Pressa

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле


31 октябр дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 43-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО,  мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ  бо ЮНЕСКО аҳамияти хосса дода, омода аст барои пешбурди ташаббусҳои муштарак дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳми фаъол гузорад.

Ҳамзамон, бо дарназардошти ба итмом расидани ваколати фаъолияти хонум Одрӣ Азуле ҳамчун Дабири кулли ЮНЕСКО, миннатдории ҷониби Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда ба рушди ҳамкорӣ  бо ЮНЕСКО иброз гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *