Рубрики Pressa

Эмомалӣ Раҳмон: Некӯаҳволии иҷтимоӣ пояи сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор аст


Имрӯз, 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа, дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуда, суханронӣ карданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 идомаи талошҳои устувори кишвар дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Бино ба гуфтаи Президенти мамлакат, айни ҳол дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ мешаванд, ки барои рушди иҷтимоӣ ва таҳкими сармояи инсонӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Ҳамчунин,  Сарвари давлат аз чораҳои ҳукумат барои таъмини фаъолияти самараноки муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ёдовар шуданд.

Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои ҳамоҳанг бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDG) ба таҳкими сармояи инсонӣ ва густариши имкониятҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ба иттилои Президенти кишвар, дар давоми бист соли охир дар Тоҷикистон беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.

Ҳамзамон, Роҳбари давлат ба масъалаи ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ бо ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ишора намуда, зарурати андешидани чораҳои ҷиддӣ барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини молиягузории устувор-ро таъкид намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин доир ба масъалаҳои гузариш ба иқтисоди «сабз» ва энергияи «сабз», истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф ибрози назар карданд.

Дар ин замина Сарвари давлат аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ёдовар шуданд ва нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устуворро муҳим арзёбӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *