Радиои Озодӣ бо расонаӣ кардани Дастуре бо имзои муовини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» Муҳаммад Ғуломзода, ки аз 3-юми ноябр содир шудааст, менависад ки «Барқи Тоҷик» ба ниҳодҳои тобеи худ дастур додааст, ки шахсони қарздор ва корхонаву муассисаҳоеро, ки барқи зиёд мегиранд, аз гармиву рӯшноӣ маҳрум кунанд.
Ба иттилои манбаъ ҳадаф аз дастур «сарфакорона истифода намудани захираҳои энергетикӣ ва беҳтар кардани таъминоти барқ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар зимистон» гуфта шудааст.
Гуфтанист, сокинони Тоҷикистон беш аз ду ҳафта инҷониб бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.
Расона дар идома навиштааст, ки санҷиши дурустии изҳороти ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҷойи дигаре феълан номумкин аст. Ширкати таъминкунандаи барқ ҳамчунин намехоҳад бигӯяд ё ба хабарнигорон нишон диҳад, ки чӣ чизе ва дар куҷо таъмир мешавад.
Аммо дар дастури «Барқи Тоҷик» ба ниҳодҳои зертобеаш рӯшан гуфта шудааст, интиқоли барқи «муштариёни қарздор, корхонаҳои оҳангудозӣ, корхонаҳои қуму шағал ва корхонаҳои истеҳсолиеро, ки аз меъёр зиёд барқ истифода мекунанд», қатъ кунанд. Инчунин хоста шудааст, «нонвойхонаҳо, самбӯсахонаҳо ва саунаҳо ба сӯзишвории алтернативӣ,яъне ангишт гузаранд.»
Бо оғози сардиҳо ва боридани барфи аввал дар Тоҷикистон шикояти мардум аз набудани барқ ва хонаҳои сарду торик хеле зиёд шуд. Мардуми зиёде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз бебарқӣ нигаронӣ мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавзӯи асосии баҳси корбарони тоҷик набуди барқ аст.