Корвони худравҳои зиреҳии Туркия дар чорчуби амалиёти чашмаи сулҳи нерӯҳои мусаллаҳи Туркия дар шарқи Фурот аз сами шаҳристони марзи Окча Қалъа вориди Телл-ал-Абяз шуданд.
Амалиёти “Чашмаи сулҳ”-и нерӯҳои мусаллаҳи Туркия дар шарқи Фурот, ки ба гуфтаи мақомоти турк “дар ростои барқарории сулҳ ва субот дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз эҷоди як каридури террористӣ дар марзи ҷанубии кишвар” оғоз шуда, ҳамчунон идома дорад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Туркия дар чорчуби ин амалиёт вориди минтақаи Телл-ал-Абяз, ки дар муқобили шаҳристони Окча Қалъаи Туркия дар он сӯи марз қарор дорад, шуданд.
Дар пайи бардошта шудани бахше аз блокҳои бетони дар хатти марзӣ бо Сурия, корвони худравҳои зиреҳии Туркия аз Окча Қалъа ба самти Телл-ал-Абяз ҳаракат кард.
Ҳамчунин вазорати дифоъи миллии Туркия бо интишори иттилоияи эълом кард командосҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар чорчӯби амалиёти “Чашмаи сулҳ” дар шарқи Фурот ба пешравии худ идома медиҳанд