Рубрики Pressa

Эмомалӣ Раҳмон: Кормандони милитсия посдори оромиву суботи ҷомеа ҳастанд


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик бо паёми шодбошӣ кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори ҷашни касбиашон табрик кард.

Сарвари давлат дар паёми худ саҳми мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини амнияти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки кормандони милитсия дар давраҳои душвори таърихи навини кишвар, аз ҷумла солҳои аввали истиқлол  бо вуҷуди камбудиҳои моддиву техникӣ, содиқона ба Ватан хизмат карданд.

«Ҳамаи шумо, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон самимона табрик мегӯям», – омадааст дар паёми Президенти кишвар.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар шароити муосир, вақте ҷаҳон бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир рӯбарӯ аст, кормандони милитсия бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша омодаи иҷрои содиқонаи рисолати худ бошанд.

Ба гуфтаи ӯ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, ҷалби мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизматии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат аз кормандони милитсия даъват кард, ки ҳамеша ба савганди худ содиқ бошанд, Ватанро аз дил дӯст доранд ва барои ҳифзи сулҳу суботи кишвар бо масъулияти баланд талош варзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *