10 ноябри соли равон дар шаҳри Бохтар Рӯзи милитсия бо шукуҳ таҷлил карда шуд. Чорабинӣ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар бо иштироки Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва кормандон баргузор гардид.
Дар ин рӯз, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чор автомашинаи хизматӣ тақдим карда шуд.
Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба Иди касбӣ табрик гуфта, саҳми онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ва ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум назаррас арзёбӣ кард.
“Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷасорату фидокорӣ ва садоқат ба ватану миллат ҳамеша дар хизмати сокинон ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақомоти корҳои дохилии кишвар такягоҳи боэътимоди сокинони мамлакат гардидааст ва албатта, саҳми онҳо дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботу амнияти ҷамъиятӣ хеле калон аст, – афзуд вай.
Дар ин рӯз, қатор собиқадорон ва фаъолони милитсия бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ба чанде аз кормандони фаъол тӯҳфаи шаҳрдори Бохтар дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube