11 ноябри соли 2025 Анҷумани XVI Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) баргузор шуд. Дар ҷараёни анҷуман ба Оинномаи ИНТ тағйирот ворид шуда, тибқи он Низом Қосим бори сеюм раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.
Мувофиқи оинномаи қаблӣ, як шахс наметавонист беш аз ду давра раиси иттиҳодия бошад, аммо бо тағйири нави оиннома ин маҳдудият бардошта шуд. Низом Қосим нахустин бор соли 2015 ва дубора соли 2020 раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуда буд.
Ӯ 67-сола буда, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси филолог-журналист хатм кардаст. Солҳои 1979-2006 ба сифати мухбир ва мудири шуъбаи рўзномаҳо, ходими маҷаллаи «Садои Шарқ», корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти «Адиб» кор кардааст.
Солҳои 2006-2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон – «Баҳористон», солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рўйхати ҲХДТ) буд. Соли 2015 дар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Муаллифи китобҳои ашъори «Хўшаи шеър», «Хуни ситора», «Паровар», «Қаламҳой», «Барги саломи сабз», «Маҳвора дар гаҳвора» «Чорсў», «Оташи тасвир» ва ғайра мебошад. Номбурда асарҳои саҳнавӣ низ менависад. «Тилгиром», «Амир ва асир» (манзум), «Борони ашк» («Курўш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон аст.
Ҳамчунин, дар анҷуман як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Толиби Луқмон ба вазифаи муовини аввали раиси ИНТ интихоб гардид. Ӯ қаблан вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-ро ба уҳда дошт ва дар ин вазифа Ато Мирхоҷаро иваз намуд.
Толиби Луқмон 35 сол дошта, соли 2012 факултети журналистикаи ДМТ-ро хатм кардааст. Шеърҳояш дар матбуоти даврии кишвар нашр шудаанд. Ӯ соҳиби ду дафтари ашъор – «Сафар ба сӯи тулӯъ» ва «Пагоҳ» мебошад. Аз соли 2012 узви ИНТ аст. Дорандаи ҷоизаи адабии «Падида» ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт мебошад.
Сироҷиддин Икромӣ, ки муовини раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд, 61 – сола мебошад ва факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) – ро хатм кардааст. Аз соли 2017 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Номбурда муаллифи маҷмўаи ашъор ва қиссаву ҳикояҳои “Ошёни меҳр” “Дар ҳасрати дидор”, “Баъди борон”, “Як қадам то варта”, “Аз зулмот ба сафо”, “Вақте ки насиб накард”, “Боздошти муҳоҷир” аст. Дар Озмуни китоби сол ду китоби адиб, “Боздошти муҳоҷир” ва “Подош” солҳои 2018 ва 2020 дар бахши наср сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Даҳ филмро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Ҳамчунин, Абдуллоҳ Раҳнамо сармуҳаррири нави “Адабиёт ва санъат” интихоб шуд.
Ато Мирхоҷа, ки аз соли 2015 то кунун муовини аввали раиси ИНТ буд, ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” гузашт. Ӯ дар ин вазифа Рустам Ваҳҳобзодаро иваз кард.
Дар ҷараёни анҷуман ҳисоботи панҷсолаи фаъолияти Иттифоқ аз ҷониби Низом Қосим ва комиссияи тафтишот низ шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст. Дар давраҳои гуногун онро шахсиятҳои маъруфи адабиёт – Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим роҳбарӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube