Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” махсус барои муштариёни вилояти Суғд силсилаи нави тарофавиро ҷорӣ кард. Дар доираи силсилаи “Аз ту оғоз мегардад” ба сокинони минтақа бастаҳои муфиди “Суғд 85”, “Суғд 110” ва “Суғд 140” барои пайвасткунӣ дастрас гардиданд.
Силсилаи нав алтернативаи беҳтарин барои тарофаҳои қаблан мавҷудбуда гардид: ҳаҷми трафики интернети дастрас ва миқдори дақиқаҳои зангҳо ба шабакаҳои ҳамаи операторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “МегаФон Тоҷикистон” зиёд карда шуд. Зангҳо дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ҳатто баъди тамомшавии бастаи асосии дақиқаҳо дастрас ва бемаҳдуд мемонанд. Чунин шартҳои муфид барои муштариёни вилояти Суғд танҳо дар ҳудуди минтақа амал менамоянд.
Бастаҳои нав инчунин як қатор имкониятҳои иловагиро доранд. Ҳамин тариқ, ҳангоми сари вақт пардохт кардани маблағи тарофа трафики асосии интернети истифоданашуда ба давраи нав гузаронида мешавад. Илова бар ин, муштариён метавонанд ҳангоми зарурат дақиқаҳоро ба мегабайтҳо иваз карда, хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла бастаҳои силсилаи “Одди” ва “БОЗ NEW”-ро пайваст намоянд.
Ба тарофаи “Суғд 85” бо нархи 85 сомонӣ – 350 дақиқа ба ҳамаи шабакаҳо дар ҶТ, 10 Гб трафики асосӣ ва 30 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дохил мешаванд. Тавре дар боло зикр гардид, зангҳо дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар тарофаҳои нав баъди тамомшавии бастаи дақиқаҳо ба ҳамаи шабакаҳои ҶТ бемаҳдуд ва дастрас мемонанд.
Тарофаи “Суғд 110” аз 500 дақиқа ба ҳамаи шабакаҳои ҶТ, 20 Гб трафики асосӣ ва 50 Гб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо иборат аст. Арзиш барои роҳати муштариён дар номи тарофа дарҷ гардидааст – ин 110 сомонӣ.
Истифодабарандагони тарофаи “Суғд 140” 500 дақиқа ба ҳамаи шабакаҳои ҶТ, 40 Гб трафики интернети асосӣ ва 80 Гб-ро барои паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии маъруф ба даст меоранд. Трафики алоҳида аз рӯи ҳар се тарофа барои истифодаи Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook Messenger, Instagram, VK, “Одноклассники”, Facebook, TikTok ва YouTube пешбинӣ гардидааст. Арзиши тарофа – 140 сомонӣ.
“Барои мо пешниҳоди маҳсулоти воқеан муфид ба муштариёни Суғд муҳим буд. Бастаҳои силсилаи “Аз ту оғоз мегардад” ба интизориҳои мубрами корбарон ҷавобгӯ мебошанд – ин ҳам ҳаҷмҳои зиёди интернет, ҳам озодии муошират ва ҳам нархҳои дастрас мебошанд. Мо мизоҷони худро бодиққат гӯш карда, хизматрасониҳоеро таҳия менамоем, ки барояшон воқеан ҳам муҳиманд” – қайд кард Илдар Салихов, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Барои пайвст намудани бастаҳои силсилаи “Аз ту оғоз мегардад” ба сокинони вилояти Суғд лозим аст, ки бо шиноснома ба идораи наздиктарини ширкати “МегаФон Тоҷикистон” муроҷиат намоянд. Суроғаи толори муносиби алоқаро дар минтақа дар сомонаи оператор пайдо кардан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube