Ҳамасола 16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад — ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Ин рӯз рамзи эҳтиром, сипос ва арҷгузорӣ ба роҳбари хирадмандест, ки миллати тоҷикро аз вартаи парокандагиву ноамнӣ раҳо бахшида, ба роҳи сулҳ, субот ва рушди устувор раҳнамун сохт.
Дар аввали солҳои 90-ум, вақте ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, маҳз бо ҷасорат, матонат ва иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои сулҳгузорӣ гузошта шуданд. Ӯ тавонист бо сиёсати мардумсолорона ва иродаи сиёсӣ музокироти созандаро бо ҷонибҳои даргир оғоз намуда, миллатро ба роҳи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун созад.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 — натиҷаи бевоситаи сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Бо ин санад, давлати тоҷикон ба марҳилаи нави сулҳ, субот ва созандагӣ ворид гардид.
Дар давраи баъдӣ, зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои бузурги давлатсозиву миллатисозӣ амалӣ шуданд:
— барқарор намудани сохторҳои давлатӣ ва амниятии кишвар;
— эҳёи иқтисоди миллӣ ва роҳандозии ислоҳоти заминавӣ;
— таъмини истиқлоли энергетикӣ ва ғизоӣ;
— татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи “Роғун”, роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои пайвандгари минтақаҳо;
— рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг;
— таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвару устувор.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳдӯст, рушдкунанда ва дорои сиёсати мутавозин шинохта шудааст.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, поягузори давлатдории навини тоҷикон ва рамзи истиқлоли миллӣ дар таърихи давлатсозии муосир бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифтихор дорем, ки дар давраи роҳбарии шахсияти таърихӣ зиндагӣ мекунем, ки умри худро саросар ба сулҳ, ваҳдат, эҳёи миллат ва рушди давлат бахшидааст.
Рӯзи Президент — ин рӯзи сипос ба фарзанди содиқи миллат, меъмори сулҳу давлатдории тоҷикон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки сулҳу оромӣ, ваҳдат ва истиқлоли Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем ва бо меҳнату садоқат ба Пешвои миллат дар роҳи пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Султон Рахмонзода,
директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube