Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтааст, ки дигар ба табаддулот дар кишвараш роҳ нахоҳад дод. Ӯ ин ҳарфро дар саҳифаи фейсбукиаш ҳангоми посух додан ба суоли сокинон гуфтааст.
Ҷабборов шашумин президенти Қирғизистон дар беш аз сӣ соли замони истиқлоли ин кишвар аст. Раҳбарони пешини ин кишвар дар пайи эътирози сокинон барканор шуда буданд. Содир Ҷабборов низ пас аз барканории Сооронбой Ҷеэнбеков дар пайи эътирозҳои охири соли 2020 моҳи январи соли 2021 президент интихоб шуд. Ӯ гуфтааст: “Ба табаддулот роҳ намедиҳем. Якум ин ки мо баҳонае барои табаддулот намедиҳем. Дуюм, давлат мисли гузашта заиф нест. Давлат ҳоло қавӣ аст. Сеюм ин ки, мардум медонад киро биронад ва киро бимонад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube