Мақомоти вилояти Суғд аз маҳдудиятҳои муваққатии ҳаракати нақлиёт дар чандин шаҳру ноҳияҳои вилоят хабар дод.
Ба гуфтаи масъулон, аз 18 то 20 ноябри соли равон як қатор роҳҳои мошингард баста мешаванд. Дар эълони расмии мақомот таъкид шудааст, ки ин иқдом «бо мақсади таъмин намудани бехатарии меҳмони олиқадр ва шахсони ҳамроҳикунанда» амалӣ мегардад.
Ҳарчанд ҳанӯз расман эълон нашудааст, манбаъҳо аз эҳтимоли сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ин рӯзҳо хабар медиҳанд.
Роҳҳое, ки баста мешаванд:
18 ноябр. Шаҳри Бӯстон: кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров, Гагарин ва Исмоили Сомонӣ, шоҳроҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Хуҷанд
Шаҳри Хуҷанд: кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин, С. Айнӣ то чорроҳаи Сартуқай, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон
19 ноябр. Шаҳри Истаравшан: кӯчаи Исмоили Сомонӣ, ҷамоати Сабристон, роҳи Душанбе – Чаноқ
20 ноябр. Шаҳри Гулистон: кӯчаҳои марказӣ, шоҳроҳи Ғафуров – Хуҷанд, роҳи ҷамоати Исфисор, роҳи Конибодом – Деҳмой, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Бӯстон: кӯчаи Ҳувайдуллоев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube