Рубрики Pressa

Ӯзбекистон ба Толибон барқ медиҳад


Вазорати энержии Ӯзбекистон рӯзи 18-уми ноябр эълон кард, ки ин кишвар як қарордоди нав барои интиқоли барқ ба Афғонистон имзо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, ин қарордод барои соли 2026 пас аз гуфтугӯи вазири энержии Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов бо Абдулборӣ Умар, раиси ширкати афғонистонии “Брешно” имзо шудааст.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки Ӯзбекистон дар соли оянда чӣ миқдор барқ ба Афғонистон медиҳад. Аммо дар қарордоди соли 2019 Ӯзбекистон ваъда дода буд, ки то даҳ сол, ҳар сол 6 миллиард киловатт барқ ба Афғонистон содир мекунад.

Афғонистон бештари барқи мавриди ниёзашро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ворид мекунад ва фақат миқдори каме аз барқ дар дохили он кишвар тавлид мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *