Рубрики Pressa

Душанбе мизбони мусобиқаи – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад


Аз 20 то 23 –уми ноябр шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 баргузор мегардад.

Бино ба  иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор гардида, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар намояндагӣ менамоянд.

 Дар бахши дигари  ин мусобиқа, ки 22-23 ноябр байни ҷавонон баргузор мегардад, 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё сабқат  мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар  рақобат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *