Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки заминаҳои қатъи шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷиро васеъ мекунад. Ба корфармоён иҷозат дода мешавад, ки коргарони хориҷӣ, ки аз квотаҳои меҳнатии минтақавӣ зиёданд, аз кор озод кунанд.
Тибқи тағйирот ба моддаи 327.6- и Кодекси меҳнатии Русия, корфармоён метавонанд муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар сурати аз меъёри минтақа зиёд шудан, аз кор озод кунанд. Ин тағйирот аз 1- уми марти соли 2026 ба амал медарояд, менависад РБК.
Аз соли 2014 минтақаҳои Русия ҳақ доранд, ки солона барои ҷалби нерӯи кории хориҷӣ бурсия(квота) муқаррар кунанд. Ширкате, ки ин маҳдудиятҳоро вайрон мекунанд, метавонанд аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ё фаъолияташон барои то ду ҳафта боздошта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube