Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кардааст, ки рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед бо шаҳрдори тозаитихоби Ню-Йорк Заҳрон Мамданӣ мулоқот хоҳад кард. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки ҷонибҳо дар фазои маҷозӣ ба якдигар киноя ва даргири лафзӣ доштанд.
Заҳрон Мамдонии 34- солаи сотсиалдемократ дар аввали моҳи ҷорӣ дар интихоботи шаҳрдори Ню-Йорк шаҳрдори пешин Эндрю Куоморо шикаст дода пирӯз шуд.
Трамп рӯзи панҷшанбеи 20 ноябр дар баёнияе эълон кард, ки “шаҳрдори коммунист” хостори мулоқот шуддаст.
Маданӣ низ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Мехоҳам возеъ ба Президент Доналд Трамп бигӯям, ки ман бар сари ҳар коре, ки ба нафъи мардуми Ню- Йорк бошад, бо ӯ ҳамкори хоҳам кард. Агар дастури корииаш ба Ню- Йорккиҳо зарар расонад ман аввалин шуда муқобилаш меистам”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube