Ассотсиатсияи “Строй Сервис” – яке аз ташкилотҳои пешбари сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки дар худ панҷ ширкати фаръиро муттаҳид сохтааст. Барои ҳамоҳангсозии самараноки равандҳои корӣ ширкати мазкур алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст. Оид ба нақши имкониятҳои телекоммуникатсионӣ дар соҳаи сохтмон маъмури Ассотсиатсия Неъматҷон Абдуалимов маълумот медиҳад.
– Барои чӣ Шумо маҳз “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба сифати оператори алоқа интихоб намудед?
– Мо корҳои сохтмониро дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст: Душанбе, Темурмалик, Данғара анҷом медиҳем. Объектҳоямон низ гуногунанд – аз биноҳои ҳукуматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои варзишӣ то роҳҳо ва боғҳо. Барои ҳамин устуворӣ ва эътимоднокии хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар дилхоҳ макон, аз ҷумла майдонҳои варзишӣ ба ҷойи аввал мебароянд. Бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мо мутмаинем, ки кормандон чӣ дар шаҳр ва чӣ дар ноҳияҳо дар алоқа хоҳанд буд.
– Алоқаи мобилӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи Шумо чӣ кӯмак мерасонад?
– Сохтмон ҷараёни доимии иттилоотро дар бар мегирад: нақшаҳо ва мувофиқасозиҳо, ҳамоҳангкунии таҳвилҳо, ҳалли бисёр масъалаҳои фаврӣ. Бо алоқаи босифати мобилӣ мо бе мушкилӣ бо бригадирон, техникҳо ва таҳвилгарон тамос мегирем. Ин вақтро сарфа карда, имкон медиҳад, ки бе таъхир амал намоем.
– Оё интернети мобилиро истифода мебаред?
– Бале, фаъолона истифода мебарем. Он ба мо дар ирсоли ҳуҷҷатҳо, табодули суратҳисоботҳою ҳисоботҳои видеоӣ, кор бо онлайн-воситаҳо зарур меояд. Бисёри вазифаҳоро метавон дар худи объект ба идора нарафта ҳал намуд.
– Оё Шумо хизматрасониҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба ширкатҳои дигар тавсия медиҳед?
– Мо аллакай операторро ба дигар ташкилотҳои сохтмонӣ тавсия додем. “МегаФон Тоҷикистон” ифодагари устуворӣ, сифат буда, тарзи амали шариконаро ба кор мебарад. Мутмаинам, ки бо чунин алоқа метавон даҳҳо лоиҳаҳои мушкилтаринро идора намуд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube