Ба иттилои Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон, бори аввал як гурӯҳи қочоқбар аз Афғонистонро бо истифдоа аз паҳбоди (дрон) сохти ватанӣ шиносои ва нобуд кардаанд.
Гузорише, ки 22-юми ноябр дар телевизиони давлатии Тоҷикистон итишор гардид, гуфта мешавад, ки ҳафт нафар кочоқбар пас аз убури марзи Афғонистон бо Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳодиса шаби 20-уми ноябр дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Афғонистон рух додааст. Ва субҳи он рӯз, ҷасади ду тан аз қочоқбарон пайдо карда шудааст. Аз онҳо Шероғо валади Аввалмир ва Ҷумъагул валади Ҳаким, зодагони вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон номбурда мешавад.
Ба таъкиди мақомоти КДАМ, дар ин маҳал “116 бастаи маводи мухаддир дар панҷ халта дарёфт ва мусодира шудааст.”
Мақомот дар бораи куҷо шудани панҷ каси дигари қочоқбарон чизе нагуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube