Рубрики Pressa

МУРОДУЛЛОҲ ШЕРАЛИЗОДА. ФИДОИИ РОҲИ ҲАҚИҚАТ


  Муродуллоҳ Шерализода барин шахсиятҳои наҷиб рӯзгори хешро бидуни хидмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ, воқеан ҳам, донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстии ҷовидонаи тамоми халқҳову миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд. Ӯ барои ин мақсади олӣ ҳамеша ҷаҳду ҷадал менамуд ва муборизаи оштинопазир мебурд.

                                                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳар давру замон дар саҳифаҳои таърих чеҳраҳое ҳастанд, ки номи онҳо на танҳо бо қалам, балки бо ҷуръати шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сабт мегардад. Яке аз чунин шахсиятҳо Муродуллоҳ Шерализода мебошад.

Муродиллоҳ Шерализода яке аз нахустин шаҳидони роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии Тоҷикистон, олими таърихшинос ва сармуҳаррири вақти нашрияи “Садои мардум” агар барҳаёт мебуд, ба синни 80-солагӣ мерасид.

Санаи 26 ноябри соли 2025 ёдбуди 80-солагии зиндаёд Муродуллоҳ Шерализода дар шаҳри Панҷакент баргузор гардида истодааст.

Хусусан, хона-музеи шодравон Муродуллоҳ Шерализода бо тарҳи нав аз тарафи МИМҲД шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуд ва кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент экспозитсияи хона-музейро омода намуданд. Экспонатҳои дар хона-музеи Муродуллоҳ Шерализода бозгӯ аз ҳаёт ва фаъолияти шодравон мебошад.

Мо кормандони Осорхонаи устод Рӯдакӣ аз ташкили осорхонаҳои ҷадид, ки муаррифгари таърихи кишварамон ва шахсиятҳои барҷаста астанд хеле хурсанд ҳастем ва барои кӯмак ҳамеша омодаем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *