Ба хотири бошукӯҳ истиқбол кардан аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар сохтмони 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Икром Юсуфов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки аз соли 2022 то имрӯз, 220 бино ва иншоот сохта ба истифода дода шуд. Ӯ мегӯяд, ки боқимондаи иншооти ба нақшагирифташуда дар ҳоли идомаи корҳои сохтмонӣ мебошад. Ва корҳои сохтумон дар иншоотҳо бо маром идома дорад.
“Дар давоми соли ҷорӣ 43 иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд, ки 70 дарсади нақшаро ташкил мекунад. То охири сол нақша пурра иҷро хоҳад шуд”.
Икром Юсуфов таъкид кард, ки бо дастгирии мақомоти ҷироияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, саҳми сокинону соҳибкорон ва роҳбарони ташкиоту идораҳо дар назди биноҳои баландошёна 15 варзишгоҳи хурд ва майдончаи кӯдакон бунёд карда шуд ва дар 17 мавзеъи дигар бунёди варзишгоҳу ҷоий фароғат барои сокинон дар нақша аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube