27 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 80-солагӣ ва бузургдошти шаҳиди роҳи барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ, вакили Шӯрои Олӣ ва аввалин сардабири нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш доираи васеи олимон, ҳамкорону ҳамсафони Муродуллоҳ Шерализода, рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе ва Ӯзбекистон, омӯзгорон ва аҳли зиёи шаҳр иштирок намуданд.
Дар маросим муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Парвиз Шодизода, Раиси иттифоқи жуналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур, собиқ мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, муовини сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Далер Абдулло, доктори илми филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон иштироку суханронӣ карданд.
Ёдовар гардид, ки Муродуллоҳ Шерализода дар фаъолияти рӯзноманигорӣ намунаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба арзишҳои инсондӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамида буд. Бо истинод ба баҳогузории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки зиндагии ин шахси хоксору ҳалим то лаҳзаҳои охир ба хизмати халқ бахшида шуда, “корнамоӣ” номиданаш шоиста мебошад.
Ҳамчунин, дар доираи конфронс китоби журналист ва публитсист Шариф Ҳамдампур – “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”, ки ба ҳаёту фаъолияти Муродуллоҳ Шерализода бахшида шудааст, рӯнамоӣ ва ба иштирокчиён тақдим карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube