
Бино ба навиштаи рӯзномаи “Кайҳон” Исмоил Бағоӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба хонаводаи кушташудаҳо изҳорӣ ҳамдардӣ карда, ба ҳамбастагии Эрон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин таъкид кардааст.
Ин мақомдори эронӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба барои мубориза бо чунин ҳамлаҳо ишора кардааст.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳам рӯзи 28-уми ноябр кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро «ҳамлаи шариронаи террористӣ» ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кардааст.
Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъй кардааст. Дар ин баёния омадааст, истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин рӯйдод, умқи таҳдид ва «ҷасорати гурӯҳҳое»-ро нишон медиҳад, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ «борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон» шудаанд.
Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам бо нашри як баёнияе гуфтаанд, ки “ба хотири рӯйдоди ногувори кушта шудани се табааи кишвари Чин дар минтақаи Шамсуддин Шоҳин вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба Ҷумҳурии Халқи Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад ва ин рӯйдодро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.”
Дар баёнияи Ҳафиз Зиё Аҳмад, сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, ки дар шабакаи иҷтимоии Х нашр шудааст, омадааст, “бар асоси арзёбии аввалия ва иттилоот ба дастомада аз ниҳодҳои амниятии Толибон дар ин рӯйдод “ҳалақоте даст доранд, ки барои эҷоди ошӯб, бесутботӣ ва доман задан ба беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа талош мекунанд.” Дар ин баёния аз ҳеч гурӯҳе, ё ҳалқае ном набурда ва гуфтаанд, ки ҳукумати Толибон омода аст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар шиносоии омилони ҳамла ҳамкорӣ кунад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки шаби 26-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се коргари чинӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, яке дигар аз шаҳрвандони Чин дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамла бо аслиҳаи оташфишон ва зоҳиран паҳпод ё дронҳои хурди қотил сурат гирифтааст. Вазорат ҳамларо қотеона маҳкум карда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе гуфтааст, «Ин ҳодиса кори дасти гурӯҳест, ки талоши эҷоди ноамнӣ ва бесуботиву нобоварӣ дар минтақаро дорад.» Аммо аз ягон гурӯҳ ном бурда нашудааст.