Рубрики Ozodi

Панҷ кушта ва панҷ захмӣ. Вокуниши Раҳмон ба ҳамлаҳо аз Афғонистон



Ба дунболи кушта шудани 5 коргари чинӣ дар марз бо Афғонистон, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти интизомӣ хостааст, нагузоранд, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд.

Дафтари раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми декабр хабар дод, ки дар ҷараёни машварати корӣ бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар «вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд».

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки «давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.»

Бар асоси баёнияи расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон «амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвоангези шаҳрвандони Афғонистонро шадидан маҳкум намуда», ба масъулон дастур додааст, ки «доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд.»

Рӯзи 30-юми ноябр ду роҳсози чиниро дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон куштаанд. Захмиҳо низ ҳастанд.

Аз он пеш, шаби 26-уми ноябр, дар як ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шуданд.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *