Дар натиҷаи обхезиҳои шадид дар Индонезия, Таиланд ва Шри-Ланка беш аз ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар бедарак шудаанд. Тавре нашрияи The Guardian хабар медиҳад, ин офат яке аз харобиовартарин воқеаҳои солҳои охир барои минтақа ба ҳисоб меравад.
Мушкилтарин вазъ дар ҷазираи Суматраи Индонезия мушоҳида мешавад. Дар ин минтақа чандин ноҳия пурра зери об монда, ҳазорон хона вайрон гардидааст. Даҳҳо пул осеб дида, садҳо роҳ баста шудаанд.
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони давлатҳои Индонезия, Шри-Ланка ва Подшоҳи Таиланд барқияҳои тасаллият ирсол намуд. Дар номаҳо изҳор гардидааст, ки Тоҷикистон дар ғами мардуми осебдидаи ин кишварҳо шарик буда, ба аҳли хонаводаҳои қурбониён таъзияи амиқ баён мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube