4 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, бахши намоиши маҳсулот ва хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ низ дар он ҷой дошт.
Амонатбонк низ дар қатори дигар ташкилотҳои қарзии кишвар дар намоишгоҳи мазкур иштирок намуда, ба меҳмонон ва ширкаткунандагон оид ба фаъолияти бонк, хизматрасониҳои гуногун ва имкониятҳои рақамии худ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Иштирокдорон вобаста ба маҳсулоти қарзӣ, навъҳои пасандозҳо, барномаи мобилии «Амонатмобайл», кортҳои бонкӣ ва дигар хизматрасониҳо саволҳо дода, ҷавобҳои дақиқу мушаххас гирифтанд.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифати молиявӣ, инчунин ба намоиш гузоштани маҳсулоти бонкӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ нақши муҳим бозида, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube