Рубрики Pressa

Шарҳи мақомот дар бораи сӯхтори  бозори “Корвон»


Хадамоти оташнишонии ВКД гуфтааст, ки оташсӯзӣ рӯзи 6-уми декабр сӯхтор дар мағозаҳои тиҷоратии воқеъ дар кӯчаи Крупскойи ноҳияи Фирдавсӣ сар задааст.

Ба навиштаи манбаъ, оташнишонҳо соати 08:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Дар ин вақт алангаи оташ дар мағозаҳои қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар қисматҳо ба миён омада будааст.

Ба гуфтаи мақомот, оташнишонҳо сӯхторро дар соати 10:33 ба пуррагӣ хомӯш кардаанд.

Мақомот дар бораи сабабҳои сӯхтор маълумот надода аст.

Яке аз мағозаҳое, ки дар сӯхтор зарар дидааст, дӯкони фурӯши либоси арӯсии блогер Манижаи Умедулло аст. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки дар ин оташсӯзӣ заҳмати 8-солааш ба коми оташ рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *