Рубрики Ислоҳ.net

Навиштаи як наҷотёфта аз доми СИЗО: «ҳушдори сахт ба муҳоҷирон!»


Номаи маро алоҳида нашр кунед№18

Бохтар

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз, домулло Муҳаммадиқболи Садриддин. 

Ман шуморо шахси боваринок ва наздик дониста ба шумо дарди дили ҳазорҳо фақиру муҳоҷирро мерасонам. Хоҳед ин номаи маро ба мардум, вале ба тарзи алоҳида расонед, нахоҳед нарасонед. 

Ман бо гуфтани ин суханҳоям каме бошад ҳам қалбамро сабук мекунам, боқӣ дар дасти шумо!!!

 Охирон навори шумо дар бораи даъвати ҷавононеро, ки бо ҷурми лайку салафия, хуллас моддаи 307 айбдор эълон кардаанд, тамошо кардам.

Аз онҳо мақомоти Раҳмонов даъват карда истодаанд, ки ариза нависанду изҳори пушаймонӣ кунанду баргарданд ба ватан, бахшида мешаванд. Ин навори шумо таҳти номи ….дар шабакаи Ютуб нашр гардидааст.

Ман бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки нн доми дурӯғ аст, камин аст. Бовар накунед!! Бовар накунед ва дар доми фиреби мақомоти Раҳмонов худро бо пойи худ ва бо дастони худ оварда насупоред.

Ман, яке аз онҳое ҳастам, ки ба ҳамин найрангу фиреби мақомоти Раҳмонов бовар карда ва дар СИЗО нишастам ва бо харҷи маблағи калон, ва баъди таҳаммули азияту озору таҳқиру шиканҷаи зиёд раҳо шудам.

Инҳо ба шумо ҳарфи рост ва беғаразона намезананд. Ин мақомоти Раҳмонов дар қалбашон як зарра раҳму инсоф ва шафқати инсонӣ вуҷуд надорад.

Аз дур шуморо моту мабҳут мекунанд, афсуну сеҳр мекунанд, худро дӯст ва шахси ғамхори шумо ҷилва медиҳанд, аммо ҳамин, ки пойи шумо вориди марзи кишвар шуд, тамом, шумо бо як ҷаллоду бо як қассоб гирифтор мешавед. Дигар аз он сӯҳбатҳои миёни шумову ин милиса ва ё амниятӣ, ки мегуфт, ариза менависӣ, аз Ҷаноб бахшиш мепурсӣ, ҳамаи корҳоят хуб мешавад, ба назди зану фарзандат, ба назди падару модарат, ба ватанат бармегардиву бо хотири ҷамъ зиндагиатро идома медиҳӣ, чизе ёдаш намемонад. Дигар фақат ҳақорату дашному дубинкаву мушту лагад мемонад.

Биёед, беҳтараш бароятон саргузашти худамро, ончики аз  сари худи ман гузашт, ончиҳоро, ки шоҳдаш шудаам, очиҳоро, ки бо чашмони сарам дидаам, ҳикоят кунам, ва дигар он тарафашро худатон хулоса кунед:

 Доме, ки аз пушаймонӣ оғоз мешавад-ва ба зиндон мебарад

 Худи маро кормандони Управленияи шаҳри Бохтар, ки дар бари ошхонаи Нилуфар, дар рубаруи суди шаҳрӣ воқеъ аст даъват карда буданд. Кормандони ана ҳамин управления бо номи Иззат ва Маҷид дар ҷони мардум задагианд.

 Ба худо қасам, дар куҷое як камбағалу як бепулро мебинанд, як чизи исломиро лайк мондаӣ, ё дар ягон саҳифаи исломӣ обуна шудагиӣ гуфта ҳатто дар набуданашон, бе огоҳии шаҳрванд бар зидди вай парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 307 оғоз мекунанд.

Баъд занг зада аввал таҳдидро сар мекунанд, ки шумо бояд ариза карда ба ватан бар бигардед. Ариза, чи гунае ки шумо хондед сад дар сад ҳамин хел, ҳамааш як намуд: ба Раҳимзода вазири ВКД. Вақте диданд, ки на, шумо барнамегардед, сипас мулоим ва нарминарм мешаванд. Аз дигар раҳ бо шумо вориди гуфтугӯ мешаванд: «Бародар…ному насабатонро мегиранд….ман фаҳмидам, ки худат гуноҳ надоштаӣ. Хонаатон ҳам рафтам, аҳволи зиндагиатонро ҳам дидам. Баргарду биё, кӯмакат мекунем. Дар сари одамӣ ҳарчи меояд. Туро фиреб кардаанд, вале мо ёрдамат мекунем». Ва, аз ин қабил гапҳои пур аз шайтанату фиреб, яъне дасту дили туро ба омадан нарм мекунанд. Ва ҳатто роҳпулӣ ҳам мефиристанд. Аммо баъд чандвайной карда пас мегиранд…

Дарҳо, ки ба рӯи одамон бастаанд-ва ба рӯи азоб боз

Ба худо қасам мардумро фанд мекунанд. Мегӯянд, ки биёед, пурсу пос мекунанду ҷавоб медиҳанд. Аммо ин хелин гап нест.

 Як бародар нақл кард, ки то саҳар зери крайник оби душевой рост доштаанд ва аз нуги кран дар болои сари вай то рӯз оби сард чакрачакра мечакад.

Нафари дигар гуфт аз соати 8и шаб то 7-и субҳ ҳарду дасташро ба трубаи оби утоқи кориаш муфаттиш бастааст, ки ҳатто ҷунбида наметавонист.

Меравӣ, дело мекунанду ба амният месупоранд. Дар амният як дашномҳое мекунанд, ки забон дар гуфтанаш оҷиз мемонад.

Дар управления мегуянд, ки «ҳаму муллоҳо фалонтон кнан, фалони ҳамунора бхрен».  

Амният: ҷойе, ки инсонро мешикананд, на гуноҳро

Дар амният одамҳои бо ариза рафтагиро ончунон мезананд, ки ҳайвонро дилат намешавад ин хел азоб диҳӣ.

 Як бародар ҳамроҳи ман буд, соли таваллудаш 2005, пушташро ба керхер шикоф карда ярадор карда буданд. Валлоҳӣ, чизеро ба чашмони худам дидам мегуям.  

СИЗОҷаҳаннами зинда ва қонунҳои қассобон

Қариб 10-15 рӯз дар амният азобу шиканҷа, пурсу посу истинтоқ мешавӣ. Беист мепурсанд, рӯз, бегоҳ, шаб, нисфи шаб, дами субҳ, фарқ надорад. То даме айби мондаашонро ба гардан нагирӣ, азоб медиҳанд, азоб ҳам гап, ба куштан наздик мекунанд.

Баъд ба СИЗО мебаранд. Дар СИЗО ҳам ҳамин тавр. Даромадан баробар сумкаатро полний чизе дори тунук мекунӣ, мебинанд, ҳақорату дашном карда ном навис мекунан, баъд ба прогулка мебаранд. Яъне ҷое аст ки айбдоршавандаро ҳаррӯз барои чанд дақиқа ба ҳавои тоза мебароранд. Сипас амр мекунанд, ки  форма нол карда даро ва ба шикам бихоб. Агар тобистон бошад дар болои асфалти сӯзон «форма нол»- ба шикам мезанӣ-яъне ба ҷуз аз трусӣ, дигар урён мешавӣ. Зимистон бошад дар болои барфу борон, фарқ надорад. Як ё ду соат меистӣ ба шикам -форма нол. Баъд 5-6 нафара даромада чунон мезананд, ки 10 — 15 руз соз роҳ гашта наметавонӣ. Мегӯянд, ки касе ҳамроҳат аст, бигӯ, касе дузд аст, касе бангӣ аст, бигу барои мо. Аз барои Аллоҳ мо аз гуноҳи худамон хабар надорем, аз мардумро аз куҷо медонем?

  Дар СИЗО чунон режим сахт аст ки саг қадр дорад инсон не. Сардори СИЗО омада мегӯяд, касе ба мухолифон маблағ партофтааст, бо моддаи 307 будаҳо дастҳоро боло бардоред ва баъд ҳақоратро сар мекунад. Барои баҳси исломӣ, барои омузиши намоз ҳам инсонҳоро овардагианд.

Ҷазоҳои ваҳшиёна, таҳқир, таҷовузи инсонӣ ва шиканҷаҳои шабона

Як ҷавонро бегоҳи тӯяш оварданд.   

  Як мардро оварданд бо статяи изнасилованний. Як сол гирифтагӣ. Аммо як нафари дигарро барои 500 рубл гузарондан ба мухолифон 13 сол додаанд. 

«Хоини миллат»-муҳри тайёр барои ҳар ришдори мазлум

Тамоми статияҳоро 4-5 бор суд бурда, баъд ҳукмашонро мебароранд. 

Дуздон, нашъамандҳо, одамкушҳо, изнасиловат, ҷанг кардагиҳоро- ҳамаашонро чор-панҷ маротиба суд бурда баъдан ҳукмашонро содир мекунанд.

 Аммо 307-ҳо, нафароне,ки маблағгузорӣ ба мухолифон кардаанд ё ҳамроҳи 307 будагиҳо як бор сари суд мераванд, тамом, срокашон медиҳанд. Валлоҳӣ 80-90 фоизи дар СИЗО будаҳо ё дар зиндонҳо гуноҳ надоранд. Ҳатто краскаи поли СИЗОро айбдоршавандаҳоро маҷбур мекунанд, ки дар дачкаҳоятон краска нависед. Дубакҳо, надзирателҳо, любояшон, то начлникҳояшон аз саҳар то бегоҳ меоянд аз камераҳо кекс, печен, пряник, қанд, чой, тарбуз, харбуз, ҳар чизе, ки ҳаст мегиранд. Инсонҳоеро овардагинад, ки дар соли  2015-16 як навори мондааст да сафҳааш ё лайк мондааст. Ин дар куҷо дуруст мегирад? Худи ман ҳам ба гуфтаи мақомоти лаъини ҳароми Раҳмонов яке аз ҳамон нафарони хоини миллат ба шумор меравам.

Ташаккур, устод, ки шумо ҳастед, ҳарчи набошад диламонро холӣ мекунем!

Дар дохили СИЗО хусусан СИЗОи шаҳри Бохтарро дар назар дорам муттаҳамони статяҳои 201 яъне наркоманҳо 307-ҳоро издеватсия карда хоини миллат мегуфтанд.

Вақте аз онҳо савол мекардем, ки аз шумо 201, қисми 3, нашъамандӣ барои чи парво надоред? Судя аз худамон аст мегуфтанд. 300 дака гирифтагӣ аст, «лубой хел мебром» 300 даакш яне 300ҳазор сомонӣ мегӯяд. «Мебром бо дальше ай хдмонай усш». Бисёрии статяҳои 201 аз шаҳри Кулоб ва Ваҳдат буданд. Бахшиш, ин ҷои пастзанӣ нест, чизеро дидам гуфта истодаам.  

  Як марди 60-65ро оварданд, пул гузаронда будааст ба мухолифон. Худаш хабар надорад. Кадоме наличи додааст ин перевод кардааст, тамом. Дар прогулка дар вақти задан занашро ҳақорат мекунанд. Мехезад аз ҷояшу мегӯяд, ки         «хай бзанен ай зан ақорат накнен». Барои аз ҷояш хестан чунон мезананд, ки валлоҳӣ якуним ду моҳ пои ӯро худамон маз кардаву дока печонидаву спирт шакида личени карда будем. Пеши буҷули пояш баъди задан сахт варам карда буд, як моҳ пояшро дар замин монда наметавонист.

Вакте дубак дарро ҳуй мекунад бояд ҳама бихезад. Пойи он мард маъюб буд, боз сину солаш рафтагӣ, зуд бархоста наметавонист. Дубак фарёд карда 5-6 шапалоқ дар сари муйсафед сахт сахт мезад. Боз таҳқиру тамасхур карда мегуфт «сахти бад фалонт кадм намеша хеста аку». Тасаввур кунед як дубаки 27-30 сола мусафеди 60-65 соларо чи мегӯяд.  

Карсери қиёматмонанд ва шиканҷаи рӯзе сад бор

 Дар дарун ба навбат ҳаррӯз навбатдор меистодем. Дар навбати кадоме ягон камбудӣ мешуд, мисол овоз баланд мешуд навбатдорро бурда мезаданд. Сменаи рӯзона аз 6 саҳар то 10 бегаҳ шабона як соат пас иваз мешуд-аз 10 то 6 буд. Дар вақти сменаи шаб агар ягон касро бедор медид фарқ надорад, ҳатто ҳоҷатхона ҳам мумкин нест, медид номнавис мекард, дубакро ҳамроҳи он нафар соати 6 саҳар мебаровард, баъди падём, дар коридор мезадашон.

 Як корманди ҳаром буд онҷо. Мардумро ончунон азоб медод, ки касе номашро намегрифт, қассоб мегуфтем.

Медаромад кадомеро мефорид ба дубинка дар сар рӯву гарданаш мезад, боз мушткорӣ мекард.

Муфаттиш саволу ҷавоб мебурд мегуфт «модарта фалон мекнм, падарта фалон мекнм, хоҳарчата фалон мекнм, ягон гап дорӣ?»

 Муфаттиш мегуфт «ана ин қаламро дидӣ, лубой чи менависам инамиҷа, бо фалонт мекнм» ва баъд мерафт.   

Як касро овардан нобино- инвалиди кадом гурӯҳе буд, фаромуш кардам. Дароварданаш СИЗО, пойҳояшро вазелин кардем. Гуфтем чи гап, чи кор кардӣ? Мегӯяд соли 2015 дар Одноклассники як видеои муллои афғонро монда будам, барои ҳамин оварданд. Мефаҳмед- соли 2015 карда будааст ин корро. Он чен чашмонаш бино будааст, вале ҳоло намебинад. 

Дубакҳо гуфтанд шамолтияк заказ кунеду бимонед. Заказ карда будем. Ба худо қасам қасдан светро по приколу рафта мекуштанд. Баъд фарёд карда печинию вафливу тарбузу харбуза ва қанду чой медодем, боз илтимос мекардем, ки светро гирён кунед.

Аз дачка чизе мефорид мегирифтанд. Мисол гриллро мегирифтанд, омада мегуфтанд, ки «фалонӣ да дачкат як мурғ буд парид рафт, розиӣ ё биёрмш». Ку попробуй бигӯяш, ки рав биёр. Аслан, розигии маҳкумшавандаҳоро задагианд.

 Қисми зиёди моддаи 307 -ҳоро дар рубаруи плакати Раҳмонови модарбахато   рост мекарданд ва 25-30 минут ба ҳамон плакат нигоҳ карда «бахшиш ҷаноби олӣ, бахшиш ҷаноби олӣ» гуфта бахшиш мепурсидем. Боз аз қафо мегуфтанд: «э, г@дагӣ баландтар бугу бо дубинкара да кунт назанм». Боз дигариаш мегуфт «янгата дод назан натарса бо» 

Ҷои хоб дар СИЗО, мисол дар камера 8 койкаи дуэтажӣ мондагӣ 16 ҷои хоб мешавад, аммо мо то 55 нафара хоб карда будем. Акнун худ тасавур кунед, ки ҳоҷатхонаи даруни ин камера дар чи аҳвол аст?

 Дарун пури таракан, клопиҳо чунон мегазанд, як намуд бисёр аст, ки хоб кардан намешавад, вале боз метарсӣ, чун ҷумбиданатро бинанд бурда мезананд.

Як коргари давлатро оварданд СИЗО. 90 ҳазор сомонӣ дуздида будааст. Коррупсия қапидааст, шишту ҳикоя кард. Гуфт: «додар мара занг мезанан, меган раис имруз бозор мерафтай, ай қафош роим мекнан. Мисол чизе бгира ай лубой магазин ба лубой нарх ма рафта расчот мекнм. Охи ма ҳамира ай мардум нагирм ай киҷо платитшон кунум».

Мегӯяд об аз боло тоза бошад аз байн лой карда намешавад.

Одамҳо, ки яке байни ҳамдигар ягон разбор мекарданд, ё хоб меқапид бурда карсер мезаданд. 

Да хизмат чи хеле гаубтвахта ҳаст, дар СИЗО карсер. Як ҷои танги як ба як, соз шишта намешавад. Камера торик. Дар болои сар да болои сар дубак ҳушток мекашад. Доклад мекунӣ, ки дар карсер Фалониев Фалонӣ бо фалон модда. 

Саҳару бегаҳ медароянд дар карсер бударо мезананд. Карсери се рӯза, панҷрӯза ва понздаҳ рӯза ҳаст.

  Шояд, устод ман созу дуруст навишта натавонистам. Якум бор аст ки менависам.  Ба ҳар ҳол дилам ором шуд. Ин шо Аллоҳ ин ҳаромхӯрони касофат як рӯз не як рӯз решакан мешаванд ва он рӯз ҳақиқат ошкор мешавад.

Боқӣ, дар амониАллоҳ бошед!

ПАСГУФТОР

«Ҳушдори касе, ки аз марг баргаштааст»

Ин нома танҳо як шикоят нест-ин чорсад рӯзи ҷаҳаннамии як фақир аст, ки ба дами бовар фиристода шуду ба дасти ҷаллод афтод.

Ҳар ҷумлаи ин нома-занги хатар ба ҳазорҳо муҳоҷире, ки имрӯз дар Русия ва Аврупо ҳастанду мақомоти режими Раҳмонов онҳоро бо «биё, бахшида мешавӣ» фиреб медиҳанд.

Набояд дигар касе бо пойи худ ба доми ин қассобон афтад.
Ин режим бахшиданро намедонад-танҳо мешиканад, таҳқир мекунад ва нобуд месозад.

Ҳар муҳоҷир, ҳар тоҷик бояд бидонад:
👉 «ариза навис, баргард»-домест барои пур кардани зиндонҳо
👉 «бахшида мешавӣ»-дурӯғи ошкор
👉 «сӯҳбат мекунем»-тавқи оҳанин дар гардан

Ҳар касе, ки ин номаро мехонад, ду чизро бояд дарк кунад:

  1. Ба ин режим ҳеҷ гоҳ бовар накун.
  2. Садои мазлумонро бояд ба ҷаҳониён расонд,то ситамгарон донанд, ки рӯзи ҳисоб мерасад.

Рӯзи ҳисоб ҳатман меояд.
Ва он рӯз, номҳои қассобон, зиндонбонҳо ва фармондиҳандагони шиканҷа-тақдим ба адолат хоҳанд шуд.



Source link

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *