Полиси Душанбе аз содир шудни ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар додааст. Манбаъ аз он Аҳмадзода Сунатулло, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе номбурдааст.
Ба навиштаи манбаъ “номбурда, дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор карда шуданд”.
Ин чунин манбаъ навиштааст: “Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки Аҳмадзода С., бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, аз якчанд нафар ба таври ғайринақдӣ воситаҳои нақлиёти гуногунтамға гирифта, маблағҳои онҳоро бозпас надодааст. Ҳамзамон, аз як нафар шаҳрванд бо баҳонаи ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзили истиқоматӣ беш аз 17-ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағҳоро ба манфиати худ сарф намудааст”.
“Инчунин, зимни санҷиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бозии бурднок гузаронида, дар чандин маврид ҷоизаҳои бурдкардаи шаҳрвандонро надодааст”,
Нисбати Аҳмадзода Сунатулло, тибқи талаботи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳоло дар боздошт аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube