Рубрики Pressa

ТОШКАНД. Ҳамкорӣ дар барқарорсозии ландшафтҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид


Ин ҳамоиши минтақавӣ 9-10 декабри соли равон баргузор гардид ва дар он намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин коршиносони байналмилалӣ ширкат намуданд. Ин чорабинӣ қисми барномаи “Ландшафтҳои устувор дар Осиёи Марказӣ” (RESILANDCA+)-ро ташкил мекунад, ки аз бузургтарин ташаббуси барқарорсозии экосистема дар минтақаи мо арзёбӣ мегардад.

  Гуфта мешавад, ин лоиҳа дар доираи барномаи минтақавии RESILAND CA+ ва лоиҳаҳои “Барқарорсозии манзараҳои устувор дар Тоҷикистон” ва “Барқарорсозии манзараҳои устувор дар Ӯзбекистон” амалӣ карда мешаванд, ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд. Барномаи RESILAND CA+ як барномаи чатрӣ мебошад, ки лоиҳаҳои миллиро дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон муттаҳид мекунад, то ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии манзараҳои худ тавассути сармоягузорӣ, донишҳои техникӣ ва таҳқиқот кумак кунад.

 Тавре дар ҳамиши Тошканд зикр гардид, деградатсияи замин, аз ҷумла буридани ҷангалҳо, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаро (ММД) ташкил медиҳад ва арзиши бефаъолиятӣ шаш маротиба зиёдтар аст, зеро иқтисодиёти маҳаллӣ аз ҷангалҳо, кишоварзӣ ва дигар ландшафтҳо вобастагии назаррас дорад. Ин мушкилот махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ шадид аст, ки дар он ҷо тағйирёбии иқлим басомади сел ва обхезиҳоро зиёд мекунад, ки боиси зарари назарраси экологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ мегардад. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ ва хоҷагии ҷангал дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои идоракунии устувори захираҳо ва мувозинати афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ муҳим аст.

 -Шаш сиёсати ҳамоҳангшуда таҳия ва аз ҷониби кишварҳои узви RESILAND CA+ дар раванди ибтидоии онҳо баррасӣ гардиданд. Ин лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалӣ барои сайёҳӣ дар минтақаҳои табиии ҳифзшаванда, гузаронидани инвентаризатсияи гуногунии биологӣ, идоракунии долонҳои экологӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, нигоҳдории протоколҳо оид ба қарорҳои ҳифзи табиат дар минтақаҳои табиии умумӣ, эҷоди системаи огоҳкунии барвақтӣ дар бораи сӯхторҳои ҷангал ва таъсиси “Боғи Дӯстӣ” дар сарҳади Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон марбутанд,-гуфт директори иҷроиявии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ Ботир Мамедов.

 Вай афзуд, ки “Боғи Дӯстӣ” барои ҳифзи экосистемаҳо, рушди экотуризм, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ барои ҷамоатҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ пешбинӣ шудааст.  

 Дар идомаи ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии дар боло зикршударо баррасӣ карданд, ки роҳро барои тасдиқи расмии онҳо ва қабули минбаъда дар кишварҳои дахлдор ҳамвор мекунанд. Онҳо инчунин таҷрибаҳои устувори идоракунии ҷангалҳо, мисолҳои муваффақонаи ҳамкории фаромарзӣ ва аз нав оғоз кардани платформаи дониши минтақавии RESILAND CA+-ро, ки кишварҳои Осиёи Марказиро дар тақвияти иқтидор, кӯмаки техникӣ ва мубодилаи таҷриба барои ҳалли мушкилоти минтақавии экологӣ, иқлим ва таназзули замин дастгирӣ мекунад, баррасӣ карданд.

 Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Барқарорсозии манзараи устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Кумитаи дастгирии муҳити зисти минтақавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиҷон Мирзоев, мутахассис оид ба мониторинг ва татбиқи мустақими лоиҳаи “Барқарорсозии манзараи устувор”-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти минтақавии Ҳукумати Ҷумҳурии Зайнабӣ Қурбонова ва директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Мирзомиддин Кабиров дар бораи он ҳарф заданд, ки барномаи RESILAND CA+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом корҳои манфиатбахшро анҷом медиҳад.

 – Дар доираи барномаи RESILAND CA+-и Тоҷикистон як қатор корҳо барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии ҷангал ва чарогоҳҳо идома доранд: лабораторияи асосии тадқиқоти илмӣ навсозӣ шудааст, беш аз 600 мутахассис омӯзонида, ҳудуди 6,4 ҳазор гектар ҷангал барқарор карда ва ё аз нав шинонда шудааст, беш аз 30 гектар ниҳолхонаҳо таъсис дода шудаанд,-гуфт аз ҷумла Солиҷон Мирзоев.

 Ба таъбири мавсуф дар Тоҷикистон беш аз 700 гурӯҳи муштараки идоракунии ҷангал таъсис дода шудаанд. Лоиҳа инчунин таҳияи Кодекси нави экологӣ ва тағйирот ба Кодекси ҷангал, дар баробари он аввалин Феҳристи миллии ҷангалҳоро комилан дастгирӣ карда меояд.

 Гуфта шуд, ғайр аз ин, лоиҳаи мазкур аз роҳи додани стипендия ба 15 донишҷӯдухтари тоҷик соҳаи омӯзиши экологӣ ва дастгирии таъсиси тақрибан 750 гурӯҳи ҷамъиятиро дастгирӣ мекунад, ки дар он иштироки фаъоли занон барои идоракунии чорводорӣ, фарогирии ҷинсҳо таъмин карда шудааст.

 Фаъолиятҳои дар боло зикршуда дар се минтақа ба пешбурди ҳамкории минтақавӣ, истифодаи муштараки платформаҳои онлайн ва ҳамоҳангсозии сиёсат мусоидат мекунанд ва талошҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказиро барои ташаккули манзараҳои устувор, ки барои одамон ва табиат заруранд, дар тамоми минтақа тақвият медиҳанд.

 Ёддошти тафоҳум байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба таъсиси фаромарзии “Боғи Дӯстӣ” ба имзо расид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

шаҳри ТОШКАНД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *