4-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, устод Гулназар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Гулназар Келдӣ дар адабиёти муосири тоҷик» бо иштироки адабиётшиносону мунаққидон, адибону рӯзноманигорон, омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Ятимзода Содиқ Бақо ҳусни оғоз бахшида, таъкид кард, ки Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ба сифати яке аз шоирони тавонову соҳибистеъдод, навпардозу навовар бо ашъори рангин адабиёти тоҷикро ғанӣ намуда, ба пояҳои баланд бардошт ва ба сатҳи маърифату маънавияти мардум такони хос бахшид.
Ӯ Гулназарро яке аз шоирони тавоно, соҳибистеъдод, соҳибқалам, соҳибназар, сермаҳсул, навпардоз ва навовар арзёбӣ намуд, ки бо ашъори рангин “адабиёти тоҷикро дар садаи ХХ дар давраи дигаргуниҳои куллӣ ва дастовардҳои тоза” бо эҷодиёти хеш ғанӣ намудааст.
“Устод Гулназар дар бисёр навъҳои адабӣ осоре дорад ва дар ин раванд ба офаридани намунаҳои назарраси зеҳнӣ ноил шудааст. Ашъораш натиҷаи ҷустуҷӯҳои дақиқи ӯст, ки дар рангину пурбор шудани ҷаҳони зеҳнии тоҷикон ва инкишофи адабиёти муосири тоҷик саҳми шоиста доранд. Эҷодиёти устод Гулназар доманаи васеъ дошта, ӯ пеш аз ҳама муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад”,- гуфт номбурда.
Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода дар бораи нақши устод Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик суханронӣ кард. Номбурда Гулназарро яке аз адибоне номид, ки ҳам бо осораш ва ҳам бо фаъолиятҳои ҷамъиятиаш дар таҳкими истиқлоли кишвар саҳм гузоштааст.
“Устод Гулназар дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буданд. Пешниҳоди устод Гулназар аз ҷониби Конференсияи ҷумҳуриявии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шуда буд, ки ин нишонаи бовару ихлоси ҷомеаи ҷумҳуриро ба ин шоири сарсупурдаи миллат ифода мекунад”,- гуфт ӯ.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода Гулназарро аз шоироне арзёбӣ кард, ки Ватанашро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт ва дар ҳама ҳолат бо Ватан будан барояш мояи ифтихор буд.
Аз меҳри Ватан баски сухан мегӯям,
Як ғунчаи хеш сад чаман мегӯям.
“Мансур ба зери дор аналҳақ мегуфт”.
Ман дар таҳи шамшер Ватан мегӯям.
“Шоир бо ҳамон ғурур ва исёни дил бо ҳарорат аз Ватан сухан мегӯяд ва ҳатто марги худро дар Ватан бемаргӣ медонад ва таъкид менамояд, ки лаҳзае, ки пуштаи гӯри инсон боло мешавад, ин маънои онро дорад, ки ту хоки ватанро як ваҷаб боло намудаӣ. Ин аст марги пурифтихор дар Ватан ва зиндагонии абадӣ дар рагу шарёнҳои Ватан-Модар, миллат ва халқи азизаш, ки мефармояд:
Касе ҳаргиз намедонад, ки роҳаш то куҷо пайдост,
Валекин дар Ватан мурдан бувад бемаргии инсон.
Даме ки пуштаи ту мешавад аз хок болотар.
Ту боло мекунӣ хоки Ватанро як ваҷаб алъон”.
– гуфт Фарҳод Мукаррамзода.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ ҳамчунин аз ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи устод Гулназар дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти кишвар дар таърихи 11-уми июли соли равон, таҷлили бошукӯҳи ҷашни шоир дар зодгоҳаш дар таърихи 20-уми сентябр ёдоварӣ кард.
Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод устод Гулназарро “шоири боҷасорат” ва “тарбиятдидаи устодони бузург” унвон кард. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки устод Гулназар на танҳо бо эҷодиёти арзишмандаш миёни ҷомеа, балки дар назди роҳбари давлат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ обрӯву эътибор дошт.
“Ба ҷашни Рӯдакӣ равон будем. Раиси вилоят, банда, Карим Абдулов ва Абдулманнони Насриддин. Ҳамон шабу рӯзҳо барои иваз кардани Суруди миллӣ мақолаҳо чоп мешуд ва ба устод сангпартоиҳо идома дошт. Раиси вилоят аз чунин муносибат ба устод Гулназар изҳори нигаронӣ карда, аз мо пурсиданд, ки эшонро чӣ тавр дастгирӣ кунем? Ман пешниҳод кардам, ки китобашонро чоп кунем. Баъди як моҳ китоб чоп шуд…”,- ба ёд овард Аҳмадҷони Раҳматзод.
Донишманди маъруфи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзуи “Гулназар ва Лоиқ” суҳбат карда, бештар ба “назари Гулназари шоир ва ноқид ба шеъри устод Лоиқ” тамаркуз кард.
Ин донишманд Гулназарро дар шеър яке аз пайравони Лоиқ арзёбӣ намуд ва аз рисолаи “Лоиқе чун Лоиқе” мисол овард, ки Гулназар худро аз шоирони ҷавоне унвон кардааст, ки “аз шеъри Лоиқ шеъргӯйиро омӯхтаанд. Ё аз ӯ тарзи омӯзиш ва баҳраҷӯйиро ёд гирифтаанд”. Дар як суҳбат худи устод Лоиқ ба Гулназар гуфта будааст: “Ту аз ман баромадаӣ…”.
Пажӯҳиши профессор Сатторзода нишон додааст, ки “Гулназар аз адибони тоҷик беш аз ҳама ва беҳ аз ҳама дар бораи устод Лоиқ ва шеъри ӯ навиштааст…”, вале Гулназар “дар нақди шеърҳои устод баъзан аз аслҳое кор мегирад, ки баҳсбарангез мебошанд”.
Абдунабӣ Сатторзода мегӯяд: “Дар рисолаи “Лоиқе чун Лоиқе” Гуланзар менависад: “Ҳаёти эҷодии Лоиқро метавон ба ду давра тақсим кард: давраи аввал, даврае, ки Лоиқ шоир аст, то суханвар ва ин марҳиларо то чилсолагии ӯ таъриф кард; давраи дувум, даврае, ки Лоиқ суханвар аст, то шоир ва ин марҳила аз чиҳилсолагӣ то ба имрӯз идома дорад. Ин ҳолат аз ин сабаб ба миён омадааст, ки Лоиқ табиатан тасвиркор нест, аммо маънисози тавоност. Маънисозӣ суханвариро тақозо мекунад. Аз он шеърҳое, ки Лоиқ дар марҳилаи аввал навиштааст, бисёр хушам меояд, онҳо шоирона ва риндонаанд ва аз рангу бори косибӣ орӣ ҳастанд”.
Ин бардошти Гулназарро профессор Абдунабӣ Сатторзода “иштибоҳӣ” медонад. Пас “сабаби чунин бардоштҳои иштибоҳии Гулназар аз шахсият ва шеъри устод Лоиқ, ки эътимоду эътиқоди фавқулодае дошт ва ҷойгоҳи олии ӯро дар шеъри муосири тоҷик такрор ба такрор эътироф намудааст, Гулназаре, ки ҳангоме мили автоматро камонбадастон ба пешонии Лоиқ рост карда буданд, фарёд карда буд, ки “Эй одамон, ин шоири миллат Лоиқ аст!”, Гулназаре, ки вақте Лоиқро ба гӯр мемонданд, мегуфт: “Ман бояд он ҷо бошам, ба ҷойи Лоиқ!” дар чист?”.
Ба андешаи профессор Абдунабӣ Сатторзода: “Иштибоҳи Гулназар, яқинан аз он сар задааст, ки ҳангоми нақди шеъри устод Лоиқ аз як қазияи сохтаи ба «шоир» ва «суханвар» тақсим намудани қаламкашон ба кор гирифтааст. Ва ин идомаи ҳамон қазияи сохтаи ба «шеър» ва «назм» ҷудо кардани каломи манзум аз тарафи Маликушшуаро Баҳор ва дигарон мебошад. Сониян, дар фарқи сабки шоирии Гулназар ва Лоиқ…”.
Академик Носирҷон Салимӣ дар ин ҳамоиш осор ва шахсияти Гулназарро дар оинаи суннат ва таҷаддуд мавриди баррасӣ қарор дод: “Анна Ахматова дар суҳбати Александр Блок мегӯяд, ки як шоир шикоят мекунад, ки Блок барои шеърнависии ман монеъ мешавад. Блок дар посух мегӯяд, ки ҳеҷ гап не, ба ман Толстой халал мерасонад… Дар адабиёти имрӯзи мо ҳам шеър гуфтан, сухани бадеъ гуфтан бисёр мушкил аст. Аз Рӯдакӣ ба баъд то устод Лоиқ ҳама доди сухан додаанд. Ва касе, ки ба майдони адабиёт меояд, азоб мекашад, зеро бояд дар муқовимат бо ин бузургон сухан гӯяд ва барои муқовимат қудрат доштан зарур аст. Ба андешаи ман як қисм осори устод Гулназар, нақдашон, назарашон бисёр кӯшиши ҷидии дар муқовимат эҷод кардан аст, дар муқовимат бо адабиёти классикӣ ва муосир. Ин бисёр сифати мумтози шоирӣ аст, ки бояд дар ҳамин муқовимат сухани худашро гӯяд, тасдиқи асолати суханашро дошта бошад. Устод Гулназар дар гуфтани фикр, дар сабқати сухангӯйӣ бо шоирони дигар ҷуръат доштанд. Фақат шоирони бисёр асил метавонанд, ки дар майдон ин гуна асптозӣ кунанд. Гулназар аз нигоҳи ман чунин шоир буданд“.
Профессор Матлубаи Мирзоюнус дар маърӯзаи хеш, ки “Гулназар ва нақди адабӣ” ном дошт, масоили мубрами нақду адабиётшиносиро ба миён гузошта, таъкид кард: “Назари Гулназар ба нақди шеъри муосир комилан танқидист. Аз назари ӯ нақди адабӣ вазифаи худро дуруст иҷро намекунад, аз ҷараёни адабӣ қафо мондааст… Омӯзиши вазъи танқиди шеър ӯро ба хулосае овард, ки «мо мунаққидони шеърдону шеърфаҳм кам дорем ва ё умуман надорем”.
Матлубаи Мирзоюнус пешниҳодҳои Гулназарро дар масъалаи рушди нақди адабӣ, аз ҷумла “Нақди адабӣ бояд аз дурӯягиву ошнобозӣ, хотирбиниву маҳалгароӣ озод бошад”, “Нақди адабиро бояд ба илм табдил диҳем, вагарна баёни мавзуи шеъру тавсифҳои бепоя илм нест”, “Бояд барои беҳтарин мақолаи илмӣ ва тақризҳо мукофот таъсис дода шавад…” мавриди баррасӣ қарор дода, худ суолгузорӣ кард: “Бо чӣ роҳҳое нақди адабиро аз ошнобозиву хотирбиниву маҳалгароӣ бояд озод кунем? Чӣ гуна нақди адабиро ба илм табдил диҳем? Оё мо донишгоҳ ё шуъбае дорем, ки мунаққиди адабиро тайёр кунад? Кӣ барои тайёр кардани мунаққидон масъул ва ҳавасманд аст? Кадом муассиса барои беҳтарин мақолаи танқидӣ ва тақриз мукофот медиҳад?”. Посухи ин суолҳо ва ҷустани роҳи ҳали онҳо ба назари Матлубаи Мирзоюнус барои рушди нақди адабӣ муҳим мебошанд.
Доктори илми филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ дар ВМКБ Ҳоким Қаландариён дар суханронии хеш Гулназарро аз шоирони навовар ва навпардоз дар адабиёти муосири тоҷик унвон кард, ки дар сурудани ҳамаи анвоъи шеър дасти боло дорад.
Дар идомаи ҳамоиш пажӯҳишгарон дар бораи шахсият, шеър ва ҳунари адабӣ, наср, публитсистика ва нақди адабӣ, тарҷумашиносӣ ва забону баёни осори Гулназар суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ду китоб рӯнамоӣ шуд. Китоби аввал “Ватани ишқ” унвон дошта, маҷмӯаи ғазалиёти устод Гулназар мебошад. Ғазалиёти ин маҷмӯаро қабл аз маргаш худи шоир барои силсилаи “Сад барги ғазал” интихоб карда, ба профессор Нуралӣ Нурзод супорида буд. Инак, он дар 248 саҳифа, бо пешгуфтори муфассали ин пажӯҳишгари шинохта, ки соли равон “Девон”-и шоирро низ чоп карда буд, аз тарафи нашриёти “Ношир” ба чоп расид. Китоби дуюм маҷмӯаи мақолаҳои ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Эъҷози Гулназар” аст, ки онро адабиётшиноси шинохта Субҳони Аъзамзод гирдоварӣ ва таҳия кардааст.
Ҳамоиши мазкур бо чаҳор мисраъ шеър аз шоир ва донишманд Нуралӣ Нурзод, ки бадоҳатан дар рафти ҷаласа эҷод шудааст, хотима ёфт:
Субҳе, ки дамида аз чароғи дигар аст,
Ҳар як нафаси рӯз шарофатасар аст.
Ин давлати бедор дар ин маҷлиси хуб,
Файзе зи фурӯғи хотири Гулназар аст.
Одил НОЗИР,
Душанбе – Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube