Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин”, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда, байни корхонаву идораҳои давлатӣ дар бахши “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии онҳо, густариши фарҳанги китобхонӣ дар оила ва ҷомеа, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани маънавиёти сокинони пойтахт доир мегардад. Ҳамзамон ин иқдом барои талқини арзишҳои миллӣ ва ташвиқи сокинон ба иштироки фаъол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нигаронида шудааст.
Бо дарназардошти фаъолият ва дастовардҳои назаррас дар самти тарғиби китобхонӣ, китобхонаи “Амонатбонк” дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом сарфароз гардонида шуд.
“Амонатбонк” минбаъд низ ҷиҳати рушди фарҳанги китобдорӣ, ғанӣ гардондани маҳзани адабӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба китобхона иқдомҳои навро роҳандозӣ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube