Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 340 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Сиёвуш Ҳакимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз соли 2022 то имрӯз, 318 иншоот сохта шудааст, ки бештар аз 93 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Ӯ мегӯяд, то сентябри соли оянда нақша пурра иҷро карда хоҳад шуд. Ба таъкиди вай бо зарурати беҳтар кардани шароити таълиму тарбия аз ҳама бештар барои соҳаи маориф иншоот бунёд гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube