Дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон ба насб кардани арчаи солинавӣ шуруъ карданд. Ин арча бо фарқ аз арчаҳои солҳои гузашта 4 метр баланд буда, 10 метр паҳноӣ дорад.
Аз мақомоти маҳаллӣ шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки ду рӯз аст, ки насб ва ороиши арчаи солинавӣ идома дорад. Соли дувум аст, ки арчаи солинавӣ дар назди Теппа – Қӯрғон, ҷойи кушод ва барои бозии кӯдакон мувофиқ монда мешавад.
–Дар назар аст, ки атрофи арчаи солинавӣ барои бозии кӯдакону наврасон хоначаҳо (домик) сохта шавад.
Ҳамасола дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири истиқбол аз соли нави мелодӣ арчаҳои гуногуни солинавӣ насб карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube