10 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ мусобиқаи ҷамъбастии яке аз рӯйдодҳои барҷастатарини сол – Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гузаронида шуд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба ҳам омаданд. Ба ҳайси Шарики генералии бозиҳо дар соли 2025 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” баромад намуд.
Ҷоми соли 2025 рӯйдоди воқеан муассир гардид: марҳилаҳои плей-офф, аз ҷумла даври нимниҳоии “Сипар” – “Сомон” ва “Соро Компания” – “Истиқлол” теъдоди сершумори ҳаводорону мухлисонро ҷамъ оварда, сатҳи баланди иштирокчиёнро нишон дод. Дастаҳо исбот карданд, ки варзиши дӯстдоштаи онҳо аз футболи “калон” танҳо бо якчанд қоида фарқ мекунаду халос – шиддати шавқу рағбат нисбати футзал аз шавқу рағбат нисбати мусобиқаҳои бузург дар варзишгоҳҳо қариб фарқе надорад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дастаҳои қавитарини мавсим – “Соро Компания”-и пойтахт ва “Сипар”-и Хуҷанд рӯ ба рӯ омаданд. Дар натиҷаи мусобиқаи пуршиддат хуҷандиён ғолибиятро ба даст оварда, сатҳи воқеан баланди омодагӣ ва устувории натиҷаҳоро нишон доданд. Натиҷаи бозӣ – 3:2 бар фоидаи қаҳрамонон.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, раиси кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдузоир Исмоилов ва директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.
“Ширкати мо бисёр мусобиқаҳои варзиширо дастгирӣ менамояд. Бо вуҷуди ин ҳар бор мо иштирокчиёнро чунин дастгирӣ мекунем, гӯё онҳо бори аввал бозӣ карда истодаанд. Маҳз дар ҳамин аст нерӯи варзиш, ки диққати ашхоси мухталифро ба худ ҷалб месозад. Ҷоми 2025 як рӯйдоди рангину барҷаста буд. Мутмаинам, ки он ба баландшавии мароқ нисбати футзал ва афзоиши теъдоди тоҷикистониёне, ки ба ин намуди дастрас ва ҳамзамон муассири варзиш машғул мебошанд, мусоидат хоҳад кард”, – қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
“Дастгирии чунин шарики боэътимод ва нерӯманд, ба монанди “МегаФон Тоҷикистон” ба мо имкон медиҳад, ки мусобиқаҳо ба сатҳи нави касбӣ бароварда шаванд. Ҷоми соли 2025 аз ҷиҳати такмили маҳорати техникии иштирокчиён ҳам як қадами муҳим ба пеш буд. Ба ҳамаи дастаҳо барои бозӣ ва ба мухлисон барои фазои гуворою беназир миннатдорӣ баён менамоем!” – изҳор дошт директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube