Дар шаҳри Душанбе ҷавони 24-сола бо гумони паҳн кардани маълумоти шахсии шаҳрвандон, наворҳои ғайриахлоқӣ ва порнографӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир шуд.
Раёсати ВКД дар пойтахт аз дастгиршуда Исфандиёр Одирматов ном бурда, навиштаас, ки ӯ ин корро “бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ” мекард.
Гуфта мешавад, ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи сохтаи “Малика” саҳифа боз карда, пайваста наворҳои ғайриахлоқиро нашр мекардааст.
Ҳамзамон, маълумоти хусусии шаҳрвандонро ҷамъ оварда, баъдан барои ба даст овардани маблағ онҳоро тавассути интернет паҳн намудааст.
Ҳоло гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube