Рубрики Pressa

Фоҷеа дар Рашт — Pressa.tj


Чӣ тавр худро аз заҳри ангишт ҳифз кардан мумкин аст?

Дар Рашт як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳодисаро тасдиқ мекунанд. Як манбаъ аз ноҳияи Рашт ба pressa.tj хабар дод, ки зану шавҳар Шоиста ва Муҳаммад ном дошта, 18 ва 25 сол доштаанд.

Ҳодиса шаби 5 ба 6-уми декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт рух додааст. Гуфта мешавад, ки Шоиста ва Муҳаммад ҳамагӣ ду моҳ пеш хонадор шудаанд.

“Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”,- гуфт як манбаъ аз ноҳияи Рашт.

Мавриди зикр аст, ки бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт ва таппак гарм мекунанд. Вале ҳолатҳое ҳам мешавад, ки аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавӣ ва марги сокинон мегардад. Солҳои гузашта ҳам чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ё оксиди карбон дар Душанбе ба ҳалокат расида буданд. Айнан чунин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳристон ҳам рух дода буд, ки 2 кӯдак ҷони худро аз даст дода буданд.

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

– Бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шуъла гардад;

– Ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

– Ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

– Ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд;

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред;

– Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед;

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед;

– Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед;

– Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани Ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст;

– Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *