Рубрики Pressa

Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ мекунад


11 декабри соли 2025 дар шаҳри Дубайи АМА ширкати Huawei дар чорабинӣ таҳти унвони «Кашф кардани аҳамияти ҳар як лаҳза» як қатор дастгоҳҳои нави флагманиро муаррифӣ намуд. Дар ин рӯйхат смартфони HUAWEI Mate X7, гӯшмонакҳои HUAWEI FreeClip 2, соатҳои ҳушманди HUAWEI WATCH ULTIMATE DESIGN ва планшети HUAWEI MatePad 11,5 S ҷой доранд.

Чжу Пин, президенти бахши маркетинг ва фурӯши Huawei Consumer BG таъкид кард, ки Huawei минбаъд низ ба зиндагӣ бахшидани технология ва эҷоди таҷрибаи беҳтарро барои корбарон идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, «мақсади асосӣ – пешниҳоди таҷрибаи беҳамтои истифода мебошад, аммо ҳамзамон мехоҳем ҳар корбар аҳамияти лаҳзаи ҳозираро дарк кунад».

HUAWEI Mate X7: оғози як марҳалаи нав

Дизайни Mate X7 аз «Дарвозаҳои вақт ва фазо» ва инчунин аз санъати 1600-солаи истеҳсоли парчаи сабук – мероси ғайримоддии фарҳангии Чин  илҳом гирифтааст. Қисми берунии он дар ранги сафеди парча ва намунаи чарми сунъӣ дар ранги сиёҳ ва сурх пешниҳод мешавад.

Хусусиятҳои асосӣ:

– Аввалин смартфони борики пӯшидашавандаи Huawei бо қобилиятҳои баландсифати аксбардорӣ;

– Рангнигорӣ 43% беҳтар шудааст; камераи HDR-и нав, камераи ултраширок ва телекамера барои макро;

– Дастгирии видео бо HDR ва нишондиҳандаи экспозитсияи 17,5;

– Конструксияи устувори пӯшидашаванда: шишаи ултрамуқовими Kunlun, механизми такмилёфта ва сохтори сеқабатаи мустаҳкам;

– Системаи хунуккунии SuperCool бо камераи бухоршавии 3550 мм² ва графен; батареяи 5600 мА·соат.

HUAWEI FreeClip 2: нигоҳи нав ба услуб ва бароҳатӣ

Гӯшмонакҳои FreeClip 2 бо тарҳи нодири худ онҳоро ба як лавозимоти муосир ва зебо табдил медиҳанд.

Хусусиятҳои асосӣ:

– Рангҳо: кабуд, сафед, сиёҳ ва «тилои гулобӣ» – навоварии ҷолиб барои бозори ҷаҳонӣ;

– Вазни як гӯшмонак  ҳамагӣ 5,1 г;

– Садои тоза ва сифати баланд бо диафрагмаи дукарата ва нейропротсессори пуриқтидори AI (10 маротиба қавитар аз насли қаблӣ);

– Муҳофизати IP57, давомнокии кор то 38 соат.

HUAWEI WATCH ULTIMATE DESIGN: тавсеаи ҳудудҳои технология

Шакли нави Royal Gold Edition бо безели аз сафоли бунафш ва тиллои 18-карата сохта шудааст. Қабати асосӣ аз метали сирконий ва банди он аз хӯлаи титан мебошад.

Имкониятҳои асосӣ:

Функсияҳои касбии ғаввосӣ, аз ҷумла иртиботи зериобӣ тавассути сонар;

– Антеннаи такмилёфта барои алоқаи устувор.

–  eSIM, навигатсияи дақиқи HUAWEI Sunflower, AI-шумпокунӣ ҳангоми зангҳо;

– Системаи TruSense бо сенсори пуриқтидори X-TAP барои назорати дақиқи саломатӣ.

HUAWEI MatePad 11,5 S: илҳомбахш барои эҷодкорон

Планшети нави MatePad 11,5 S барои фаъолияти эҷодӣ ва ҳифзи саломатии чашм таҳия шудааст. Он бо экрани PaperMatte муҷаҳҳаз аст, ки мушкилоти маъмул дар экранҳои матр, аз ҷумла гумшавии равшаниро бартараф мекунад.

Имкониятҳои асосӣ:

-Дастгирии қалами HUAWEI M-Pencil Pro ва клавиатураи магнитӣ;

– Барномаи «Дафтар» бо асбобҳои гуногуни эҷодкорӣ;

– Барномаи GoPaint бо эффектҳои нави аниматсионӣ;

– Дастгирии Wondershare Filmora ва WPS Office барои таҳрир, омӯзиш ва кор.

Паёми асосии Huawei

Huawei эълон намуд, ки ин муаррифӣ на танҳо пешниҳоди дастгоҳҳои нав аст, балки идомаи сиёсати ширкат дар роҳандозии муносибати кушода, дӯстона ва фарҳангӣ ба корбарон мебошад. Консепсияи «Имрӯз аз они шумост» ба он ишора мекунад, ки ширкат мехоҳад ҳар инсон тавонад зебоӣ ва имкониятҳои технологияи муосирро эҳсос кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *