Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба модару додари Қобилҷон Алиев, аз маркази пойтахт, хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароит тӯҳфа кард.
Инчунин соҳибкори ватанӣ Умар Алиматов ба модари Қобилҷон ҷойи кори доимӣ ва бо маоши баробар ба 1000 доллари амрикоӣ таъмин намудааст, то ки ин модару фарзанд дигар ба муҳоҷират наравад.
Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10- сола рӯзи 16-уми декабр дар як мактабе дар вилояти Маскав аз ҷониби як ноболиғи шаҳрванди Русия ба қатл расид. Нисбати гумонбар парвандаи ҷинои боз шуда дар ҳабси пешаки қарор дорад. 18-уми декабр ҷасади беҷони навраси 10- солаи тоҷикро ба ватан оварда дар ноҳияи Шаҳринав дар канори падараш ба хок супориданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube