Рубрики Ozodi

Путин ба Раҳмон гуфтааст, гунаҳкорони қатли Қобилҷон ҷазо хоҳанд гирифт



Владимир Путин, президенти Русия, ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки гунаҳкорони қатли Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ҷазо хоҳанд гирифт. Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи Тимофей К., навраси 15-солаи рус, дар мактабе дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав кушта шуд. Ин ҳодиса вокуниши зиёдро дар ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он барангехт.

Вокуниши Путин ба ҳодиса рӯзи 22-юми декабр дар ҳошияи нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Ӯ бо баёни ҳамдардӣ ба Раҳмон ва хонаводаи Қобилҷон Алиев гуфт, “амали террористӣ алайҳи кӯдакон ҷинояти нафратангез аст.”

Вай афзуд, “тафтишот ба поён хоҳад расид ва шахсони гунаҳкор, агар чанд нафар бошанд, бешубҳа ҷазо хоҳанд гирифт. Ман аз ин ҷиноят такон хӯрдам.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар навбати худ қатли Қобилҷон Алиевро дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав “ҳодисаи ғайричашмдошт” номид. Ӯ гуфт, “афроди масъул бояд ҷазо дода шаванд ва мо умед дорем, ки шумо инро назорат хоҳед кард.”



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *