Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҳифзи генофонди миллат ва таъмини солимии аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дод, ки масъалаи манъи истифода, истеҳсол ва муомилоти сигорҳои электронӣ (вейп) дар қонунгузории миллӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шавад.
Зикр гардид, ки тибқи хулосаҳои мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи сигорҳои электронӣ метавонад боиси пайдоиши бемориҳои вазнини роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва шуш, аз ҷумла бемориҳои саратон гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube