Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона мушкили бебарқии аҳолиро гуфт. Ба гуфтаи Сарвари давлат, сабаби он камборишӣ, коҳиши воридшавии об, афзоиши аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошад.
“Ҳоло ҳам 3 млрд кВт соат талафот дорем”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона гуфт: “Моро дуруст фаҳмед, як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони нав сабуктар мешавад”.
Президенти кишвар изҳор дошт, ки барои мо ҳамагӣ 1,5 млрд кВт соат даркор, ки мардум аз бебарқӣ ранҷ накашанд.
Вай афзуд, ки бо насби ҳисобкунакҳои билингӣ то соли 2027 мушкили талафоту камбудӣ аз байн меравад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи “Роғун” ба истифода дода шавад ва истиқлоли энергетикӣ таъмин гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube