Дидори нахустин
Ба ҳайси мутасаддии инъикоси масъалаҳои вобаста ба мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар нимсолаи авали соли 1989, бо супориши сармуҳаррирамон Талъат Нигорӣ “Маълумотномаи ҳафтавори инъикоси мавзуи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар нашрия”-ро ба унвони роҳбари ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов (он вақт Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон) мебурдам.
Боре посбони бинои Кумитаи Марказӣ, сержанти милиса гуфт, ки рўзи корӣ ба охир расидааст, номаро ба қуттии паси дар гузораму баргардам. Дар ҷавобам, ки “вазифадорам, номаро шахсан бояд расонам”, сержант бо телефони дохилӣ ба куҷое занг зад. Лаҳзае нагузашта, шахсе бо либоси мулкӣ, шояд навбатдори КМ, ҳозир шуд ва мо аз долонҳои дарози бекас гузашта, ба ошёнаи дувум, ба қабулгоҳи Котиби якум расидем. Дари қабулгоҳ боз буду Қаҳҳор Маҳкамов паси мизи дарозе, ки дар кунҷаш дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ду дафтари 12 варақа кушода, онсӯтар қуттии сигори Marlboro бо оташгиронак мехобид, коғазу қалам дар даст, бо ҷавонмарди қоматбаланди гандумгуни рў ба рў, суҳбат дошт. Он ҷавонмарди хушсарулибос чанд қадам ба пешвозамон омада, баъди салому алейк, номаро аз дастам гирифта, ба унвонаш чашм давонду бо табассум «Эҳ, шумо ҷавонони бедордил, ором намешинед-а» – гуфта, гуселам намуд.
Пас аз чанд вақт, бо шунидани қиссаҳои тоҷикиомўзии Қаҳҳор Маҳкамов бо ёрии ёвараш Муродуллоҳ Шерализода, фаҳмидам, ки он ҷавонмарди хушсухану хушсарулибос кӣ будааст ва пас аз соле ба суҳбати рў ба рўяш, ниҳоят, ба шарафи ҳамкор будан, муяссар гардидам.
…ва вопасиин дидор
Рӯзи душанбе, 4 майи соли 1992 буд. Аз байни издиҳоми майдони «Озодӣ» бо азобе гузашта, ба идораи «Садои мардум», ки он вақт дар ошёнаи сеюми боли чапи бинои Шўрои Олӣ ҷойгир буд, сар задам. Майдони рў ба рўйи идораи рўзнома ва рўйи ҳавлии Парламент низ, пуропури одам, пурғалоғула, касе Калашниковбадаст, касе бо камони шикорӣ, касе либоси низомӣ ба бару бе силоҳ. Долони ҳамешапуррафтуойи «Садои мардум» сокит, дари баъзе аз ҳуҷраҳои корӣ кушода, баъзеаш баста. Чанд вақт боз наомада будам, чун бо хоҳишу исрори бунёдгузори ҳафтаномаи навтаъсиси «Тоҷикистон» Насрулло Асадуллоев ва розигии устод Шерализода, ки «фақат бо шарти бозгаштан, ба муҳлати шаш моҳ, ба тариқи сафари эҷодӣ», аз моҳи март ба идораи «Тоҷикистон», воқеъ дар ошёнаи 12-уми ГЖК, ба кор гузашта будам.
«Садои мардум»-ро хабаргирӣ омаданро низ ҳодисаи нохубе сабаб шуд: дар шумораи гузаштаи рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (2 майи с.1992), бо имзои 11 тан аз кормандони «Садои мардум» (Фотеҳ Абдулло, Акбари Саттор, Мухтор Боқӣ, Раҷабалӣ Юсуфзода, Мардони Мавлон, Мардони Муҳаммад, Абдуғаффор Мирзозода, Тиллои Некқадам, Марямбонуи Фарғонӣ, Анораи Сӯфизода, Имомназари Ҳақназар) эътирознома унвонии роҳбарияти «Садои мардум» ба табъ расида, гўё аз муносибати яктарафаи роҳбарияти нашрия дар инъикоси рўйдодҳои ду майдон – «Шаҳидон»- у «Озодӣ» гилагузорӣ мешуд.
Баъди бо ду-се тан аз ҳамкасбони эътирозгарамон вохўрдаву «сели ғазабро ба сарашон рехтан» ва оҳанги пушаймонӣ дар гуфторашонро ҳис кардан, ба ҳуҷраи Сармуҳаррир ворид шудам то барои кирдори ношоямашон, ба ҷойи ҳамкасбон узр пурсам. Пас аз салому алейк, ҳануз сари мақсад наомада, устод Шерализода аз кашаки миз қуттии сигори «Podopi»-ро берун оварда, наздам гузоштанд. (Ба чунин сигор хуш доштанамро медонистанд, ҳарчанд худ кам сигор мекашиданд, вале қуттиеро дар кашаки миз нигоҳ медоштанд). Бо арзи сипос, донаи сигорро гирифта, ба пешкиссаи куртаам гузоштам.
– Нагўед мулло Қироншоҳ, медонам чӣ гуфтанӣ ҳастед, бале, баъзе бародарону ҷавонони хунгарм чунин амалро ба худ раво диданд. Ҳарчанд намефаҳмам, кадом дархосту хоҳишашонро боре ҳам рад карда бошам…
Чанд лаҳза хомўш мондем. Дар ин лаҳзаҳо якуним соли дар «Садои мардум» сипардаам чун навори кино дар сар тоб хурд. Вале ростӣ, рўзе ё лаҳзае падид наомад, ки Сармуҳаррири «Садои мардум» ба кору нақшаи эҷодии ҳамкоронаш, бале, бале, устод Шерализода ба кормандони идора ҳамеша «ҳамкорон», «ҳамкорони гиромӣ», муроҷиат мекард, на чун дар дигар идораҳо «кормандон» ва ё «тобеон», дахолат карда бошад, навиштаеро бе маслиҳату ризоияти муаллиф аз пеши худ таҳрир, Худое накарда, сензура ҷорӣ намуда бошад.
Бо шуруъи майдоннишиниҳо дар пойтахт, ки вазъ рўз ба рўз муташанниҷ мегардид ва баъзе аз нашрияҳои ҳукуматӣ ҳам, гоҳо миёни майдонҳо мекалавиданд, гоҳо дар фаъолияташон куллан ба самти муқобил мегаравиданд, устод Шерализода бо тамоми неруву тавонмандӣ суккони киштии «Садои мардум»-ро устувор нигоҳ медошт. Сухани дар чапирае гуфтаи эшон «ҳамкорони гиромӣ, дар ҳар ду майдон мардуми худамон гирд омадаанд, дар гуфтану навиштан эҳтиёт кунед, ба ҷуз аз даъват ба ҳамдигарфаҳмӣ ва оштӣ, дигар сархате қобили қабул надорем», гўё навакак шунида бошам, дар садопардаҳои гўшам акси садо медод.
– Чӣ кунем, «аз мост, ки бар мост». Хайр, ин рўзҳо ҳам мегузаранд, хиради мардумамон майдонҳоро ба оштӣ хоҳад овард, – хомуширо шикаст садои устод.
Чанд сухан аз ину он тараф радду бадал кардем.
– Мулло Қироншоҳ, камнамо нашавед, ҳуҷҷати «Садои мардум»-ку дар киссатон, ҳар вақти дилхоҳатон биёед, дарамон кушода, Шумову Мардонқул (Мардони Муҳаммад) рӯзҳои наздик ба ман лозим мешаветон, — пас аз лаҳзаи хомӯшӣ рамзнок гуфтанд устод Шерализода.
«Ба чӣ кор лозим мешуда бошем» — бо худ фикркунон, чашмам ба папкаи кушодаи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и кунҷи мизи кори устод Шерализода афтод, ки дар яке аз лоиҳаи чанд фармонҳои Президент Раҳмон Набиев дар бораи таъйин намудан ба вазифа, ному насаби Муродуллоҳ Шерализода сабт буд.
Ҳарчанд устод Шерализода бандаро то баромадгоҳи ошёнаи бинои идора гусел намуданд, дар ин бора пурсиданро ба худ эб надидам…
Вале, рўзи дигар тири заҳрогини бадсиголе дар саҳни ҳавлии Шўрои Олӣ, риштаи умри вакили мардумӣ, нахустсармуҳаррири нашрияи парлумонии «Садои мардум», устод Муродуллоҳ Шерализодаро барканд.
Аксар кормандони “Садои мардум” мотам гирифтанд, шояд баъзеҳо намедонистанд сӯзи дилро чӣ гуна зоҳир намоянд: бо гиряи хомӯш, ашки пинҳонӣ ё “ашки тимсоҳӣ”, аҳли Парлумони Тоҷикистон низ мотамзада буд, вале баъзеҳо пинҳонӣ-пинҳонӣ ба атрофиён менигаристанд, мабодо…
Пас аз чанд рӯз хабаре дар бораи боз шудани парвандаи ҷинойии марги вакили Парлумон, сармуҳаррири “Садои мардум” Муродуллоҳи Шерализода, бо зикри қотилони эҳтимолӣ, расонаӣ шуд … ва ҳафтае пас фаромӯш.
Ва то имрӯз…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube