Дар пасманзари афтиши қимати нафту газ дар ҷаҳон, нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳам ба раванди рукудии худ идома медиҳад. Арзиши гази моеъ ва бензин дар Тоҷикистон ҳафтаи охир низ идома карда, дар 9 моҳи соли ҷорӣ наздики 16% коҳиш ёфтааст.
Қимати гази моеъ ҳоло дар Душанбе байни 6,20 то 6,40 сомонӣ қарор дорад, иттилоъ медиҳад Азия Плюс, дар ҳоле, ки як ҳафта пеш он 6,8 сомонӣ нарх дошт. Дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо нархи 6,10 сомонӣ метавон гази моеъ харидорӣ кард.
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ 5,90-6,00 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нимаи моҳи ноябр арзиши он дар шимоли кишвар 6,60-6,70 сомониро ташкил медод.
Тавре ки , дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин шаҳр нархи бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 ҳам поин рафтааст.
Бензини навъи АИ-92 бо нархи 8,40 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи моҳ нархи он ба 8,90 сомонӣ баробар буд. Арзиши бензини навъи АИ-95 — 8,80 сомонӣ зикр шуда, чанд рӯз пеш он бо арзиши 9,60 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Қобили зикр аст, ки аввали моҳ нархи гази моеъ боло рафта, дар вилояти Суғд бо арзиши 6,60-6,70 сомонӣ ва дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ — аз 7 то 7,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 9 моҳи соли равон арзиши ин навъи сӯзишворӣ ба андозаи 15,8% поин рафтааст. Дар моҳи декабри соли 2021 нархи 1 литри он ба ҳисоби миёна 7,40 сомониро ташкил дода буд.
Ҳудуди 90% аз ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Дар ҳаҷмҳои начандон зиёд аз Ӯзбекистон ва Русия ҳам ворид мегардад. Соли равон ҳаҷми моҳонаи истифодаи гази моеъ дар Тоҷикистон ҳудуди 35 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки аз се ду ҳиссаи нақлиёти автомбилӣ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.